Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Табаддулоте, ки ба он дуру дароз омодагӣ мегирифтанд, ногаҳонӣ ба вуқӯъ пайваст. Пасек, яке аз суиқасдкунандагон, ҳабс шуд.
Субҳи солеҳон аз ин воқеа воқиф гардида, шоҳбону Екатерина дар мушоиати дӯстдораш Алексей Орлов фойтунсавор ба қисми ҳарбии Измайлов омад. Сарбозон даст, пой ва домани Екатеринаро бӯсидаву ба чашм молида, қасами садоқат хӯрданд. Аскарони полки семёновӣ низ ҳамин тавр карданд.

Сенат ва Синод (шӯрои олии калисо) розӣ шуданд, ки амри шоҳбонуро иҷро намоянд. Баъд зуд манифест қабул карданд, ки Екатерина аз ин рӯз баъд зимоми ҳукуматро ба даст гирифт баҳри ҳимояи калисои насронии рус ва тартиботи дохилии кишвар.

Пётри III баъди бо ду киштӣ дар бандари Кронштадт лангар партофтан аз табаддулоти дарбор воқиф гашт. Қӯтволи диж ӯро ба қалъа роҳ надод, гуфт, ки Русия дигар бо номи Пётри III император надорад, императори онҳо Екатеринаи II мебошад.
Пётри III тарсу буд, ҷуръат накард, ки барои тахту тоҷ талош варзад. Вай хеле гирист ва ба Ораниенбаум баргашт. Ночор ба ҳуҷҷати фиристодаи завҷааш имзо гузошту «бо хоҳиши худ» аз тахту тоҷ даст кашид. Ҳамин тавр, 29 июни соли 1762 шоҳдухтари голштинӣ София-Августа, аз хонадони князҳои хурд, ба тоҷи бузургтарин давлати Аврупо — Русия соҳиб гашт.

Екатерина дар оилаи генерали пруссӣ ба воя расида, хеле бебок, чаққон, шӯх ва баду балое буд. Волидайн дар тарбияаш он қадар масъулият зоҳир намекарданд. Падар танҳо ба хизмат банд буду модар дар ҷустуҷӯи моҷаро бо супориши хуфияи Фридрихи Кабир кишварҳои гуногуни Аврупоро чарх мезад.

пешина
аз 424
навбатӣ