100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Сифати таълим дар дабистонҳои гурҷӣ хеле баланд буд. Хонандагон фанҳои илоҳиёт, фалсафа, таърих, арифметика, астрология, забонҳои юнонӣ, ивриt, тарзи сӯҳбати боодобона, шарҳи матнҳои назмӣ ва эҷоди шеърро меомӯхтанд.
Тамара аз шеърхонии шоирон, баҳси файласуфон, сӯҳбати фақеҳон як ҷаҳон лаззат мебурд. Ҳатто дар юришҳои ҳарбӣ шоирон Саргис Тмогвелӣ ва Шавтелиро ҳамсафар мегирифт. Аммо дар ин ҳамели ёқуту марворидҳо гавҳари ягона Шота Руставелӣ ба ҳисоб мерафт. Шоири забардаст ошиқи малика буд, аммо намехост як қисми секунҷаи ошиқона бошад. Аз ин рӯ вай тариқати роҳибӣ пазируфту сӯи Байтулмуқаддас бирафт.
Тамара, бо сабаби маризӣ, ба пирӣ нарасид. То ба имрӯз гурҷиҳои ҳар як вилоят ба меҳмонон қабри малика Тамараро нишон медиҳанд. Таърихдонон мегӯянд, ки ҷасади шоҳбону дар дахмаи авлодии Багратионҳо дар Гелот зери хок аст. Аз рӯи ҳуҷҷатҳои бойгонии Ватикан бармеояд, ки Тамара дар дайри қадимаи гурҷиҳои Байтулмуқаддас дафн гаштааст. Аз ҳамин макон сурати рӯидевории Шота Руставелӣ низ ёфт шудааст. Шоир гӯё хостааст, ки дар дунёи боқӣ бо ҳам бошанд.
Екатеринаи II
(Солҳои зиндагиаш 1729-1796)
Императори Русия аз соли 1762. Шоҳдухтари олмонӣ, София Фредерика Августа Анхалт-Сербтск, бо ёрии гвардияи Пётр III ба сари қудрат омад. Имтиёзҳои табақаи дворянҳоро ба ҳукми қонун даровард. Дар замони шоҳигарии ӯ давлати рус қувват гирифт. Заминҳои шумолии назди соҳили баҳри Сиёҳ, Крим, Қафқози Шимолӣ, Ғарби Украина, Белорус, Литва ба Русия ҳамроҳ карда шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё