100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Вале ҷояш ояд дворянинҳои гарданшахро сахт ҷазо медод, аз унвону дигар имтиёзҳо ва молу мулк маҳрум месохт. Тамара ҷавон буду аз байни ҷавонон такягоҳ меҷуст. Лекин издивоҷи нахустинаш бахт наовард. Ҳарчанд дар оташи ишқи шоҳбону шоҳони зиёд месӯхтанд, вай князи русро баргузид. Ин хандаи пуристеҳзои тақдир буд ё қасоси Микеле. Юрий, писари княз Андрей Боголюбский, баъди кушта шудани падар, бо як дастаи хурди сарбозонаш дар соҳили баҳри Понта (Сиёҳ) мезист. Баъди издивоҷ бо Тамара вай майнӯшӣ ва бадахлоқиашро напартофт. «Ман дар зери сояи дарахти мурдоршуда набояд истироҳат намоям» гӯён Тамара аз шавҳараш ҷудо гашт. Юрийи рондашуда ба Константинопол рафт, ҷангиёни зиёде гирд овард ва ба Гурҷистон лашкар кашид. Ба вай феодалҳои гурҷӣ, собиқ мансабдорон пайвастанд. Ҷанги шадид ба вуқӯъ омад. Тамараи соҳибтабир дар ин муҳориба ғолиб баромад. Юрийи асирро бахшид ва аз кишвар берун андохт. Лекин Юрий аз ин сабақ нагирифт. Боз ба ҷанг бархост ва ин дафъа сар бохт.
Шоҳбону Тамара бо Довуд, ки дар як хона камол ёфта буданд ва аз рӯи баъзе ривоятҳо писари Русудан ба ҳисоб мерафт, ақди никоҳ баст. Издивоҷ дари бахту саодатро ба рӯи онҳо боз намуд. Ҳамаи ғалабаҳои овозадор, комёбиҳои назарраси илмию фарҳангии Тамара бо номи ҳамсараш Довуд низ
сахт пайванд буданд. Баъди чанд аср, вақте ки Иван Грозний
Қазонро фатҳ намуд, ин муҳорибаро ӯ бо ғалабаи Тамара дар
ҷанги Шамхор монанд кард. Малика Тамара Гурҷистонро ба 9
вилоят тақсим карда, ба ҳар кадом волӣ ва сипаҳсолор таъин
намуд. Дар пойтахт армияи шастҳазорнафараи маошхӯр ба ҳар
фармони шоҳбону омода буд. Яъне ҳангоми ҷанг дар зери ливои малика лашкари зиёд гирд меомад ва он замон сарбозони
гурҷӣ аз пурзӯртаринҳо маҳсуб меёфтанд. Ғаниматҳои ҷангӣ
Гурҷистонро ба кишвари бой мубаддал сохт. Аммо Тамара боигариро ба ҷашнҳои бошукӯҳ, айшу нӯш сарф накард, қалъаҳо,
роҳҳо, шоҳпулҳо, дайрҳо, киштию мактабҳо бунёд намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё