Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

худ хондааст. Конклав, маҷлиси кардиналҳо, якдилона ба ҷонибдории папесса овоз дод.

Воқеаномаи асри миёна бо як тарсу ҳарос ба мо иброз медорад, ки баъди интихоби папа Иоанни VIII дар Итолиё заминҷунбии мудҳиш ба амал омад, бисёр шаҳру деҳаҳо хароб шуданд; дар Фаронса малахҳо ба зироати кишоварзон ҳуҷум оварда, тамоми ҳосилро хӯрданд; дар Испания рӯҳи Винченсои муқаддас, ки ҷасадаш аз ҷониби роҳиби разиле барои фурӯш дуздида шуда буд, шабҳо дар айвончаи даромадгоҳи калисо ҳозир гашта, бо овози баланд навҳа ва зора мекард, ки дар ҷойи пешинааш зери хок намоянд.

Вале баъдтар ҳукмронии папесса Иоанна ба як ҷараёни ором ворид гашт ва ба шарофати хислатҳои башардӯстонаи Агнесса шиканҷа додани гунаҳгорон аз байн рафт.

Фиреб, шояд, ҳеҷ гоҳ ошкор намегардид, агар ҳодисаи аҷибе рӯй намезад. Папесса ҳомила шуд. Ба ин бовар намудан душвор, албатта. Ба зане, ки ба чунин мансаби олӣ ноил гаштааст ва бо азоби алим ҳаёти мунофиқона мебарад, таваккал кардан чӣ зарурате дошт? Ривояте ҳаст, ки гӯё Агнесса бо капеллан, кашиши калисои хонагии католикӣ, алоқа кардааст, то ки вай сирри зан будани ӯро фош насозад. Ин капеллан бо кадом роҳе ҷинси ҳақиқии Иоанни VIII-ро дониста будааст.

Ҷомаи васею дарози чиндори рӯҳонӣ андоми тағйирхӯрдаи Агнессаро аз чашми бинандагон пинҳон медошт. Вале ҳодисае ба фош гаштани асрор сабаб шуд. Дар оғози моҳи нӯҳуми обистанӣ дар Рим бемории сироятие паҳн гардид. Халқ талаб намуд, ки барои бастани пеши роҳи паҳншавии касалӣ юриши аҳли калисо бо салиб ва иконаҳо ташкил шавад. Бо ин роҳ мардум аз Парвардигор раҳму шафқат ва омурзиши гуноҳҳоро дархост карданӣ буд. Агнессаи бечора бо ҳар роҳу восита рӯзи юришро ба қафо мепартофт. Аммо аз лабрез шудани косаи сабри римиҳо ҳаросида ба тақдир тан дод.

пешина
аз 424
навбатӣ