Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ва бо ӯ паймон баст. Акнун роҳибон ду бародарро пайваста бо ҳам медиданд: ҳам вақти хӯрок ва ҳам ҳангоми сайругашт дар калисои дайр. Муносибати дӯстонаи онҳо боиси шубҳа гашт, ҳар гуна овозаҳои мағшуш паҳн мешуданд, аммо касе ба гӯшаи хотир ҳам оварда наметавонист, ки Иоанн Ланглуа мард нест. По- идан ҳақиқатро рӯи об баровард, онҳоро дар оташ сӯхтан таҳдид мекард, вале гурехта халос хӯрданд.

Давраи нави сайру саёҳат ба Агнесса дониш ва шӯҳрати зиёд овард. Ҳарчанд ошиқ дар назди маъшуқа буд, Агнесса дигар танҳо бо либоси мардона мегашт. Вай ҳамон вақт фаҳ- мида буд, ки танҳо дар симои мард нақшаҳояшро амалӣ карда метавонад. Дар Фаронса Агнесса дар баҳсҳои оммавии динӣ ширкат варзида, «қувваҳои тавонои замона» - ҳерсоҳҳо, абба- тҳо, олимонро ба ваҷд меовард. Ошиқаш аз беморие мемирад, дар ин байн Агнесса мактаби фалсафаи Афинаро бомуваффа- қият хатм намуда, ба Рим меояд, то ки пойтахти дини насрони- ро фатҳ созад.

Дар «шаҳри ҷовидона» Агнесса ба шарофати ақли гиро ва чорагариаш осонакак бо намояндагони қасри папа робита пай- васт. Он замон аксари кашишони обрӯманд маълумот ва дони- ши кофии динӣ надоштанд. Аз ин рӯ Иоанн Ланглуа дар курияи папа, яъне дар муассисаи марказӣ ба вазифаи басо муҳим нотария таъин мегардад. Бо маънои имрӯза гӯем, Агнесса ва- зифаи котиби масъули папаи Римро иҷро мекард. Зимоми идо- раи дафтари кории папа, молия, робита бо дайрҳои хориҷиро дар ихтиёр дошт. Бахшиши гуноҳҳоро қабул мекард. Ҳушёрии занона ҳалли бисёр душвориҳоро осон менамуд. Папаи Рим Леви IV фаъолияти нотария Иоаннро барои дигарон ҳамеша намуна меовард.

Иштиҳо дар зери дандон гуфтагӣ барин, Агнесса пас аз соҳиб шудан ба унвони кардиналӣ, акнун ба тахти папа чашми харидорӣ медӯхт. Ровиёни ахбор иттилоъ додаанд, ки Леви IV пеш аз фавташ ба мансаби папа Иоанн Ланглуаро вориси ягонаи

пешина
аз 424
навбатӣ