Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Субҳи 20 ноябри соли 857 хеле орому гуворо буд. Сокинон, баҳри дар юриши тантанавӣ ширкат варзидан, ба кӯчаҳо рехта буданд. Вақте ки намоиш оғоз ёфт, одамон диданд, ки папа ду даст ба китфи кардиналҳо партофта базӯр аз замин пой мебардорад. Агнесса гоҳе ба худ буду гоҳе бехуд, рӯйдоди атрофро пурра дарк карда наметавонист. Дарди то сабук шудан тамоми вуҷудашро фаро гирифт, дандон ба дандон монда онро фурӯ мебурд. Дарақ-дарақ меларзид.

Дар ин байн абрҳои сиёҳи ваҳмангез осмонро пӯшонданд. Нохост барқи азиме ҷаҳиду гулдуроси ваҳшатзои раъд замину саморо ба ларза овард. Роҳибҳо аз тарсу ҳарос муқаддасоти дар даст доштаашонро ба замин партофта, пароканда шуданд. Тӯдаи одамон папаро ба иҳота гирифт. Ба римиҳои ҳайратзада шоҳиди ҳодисаи фоҷиаангезе гаштан рост омад. Иоанни VIII бо чеҳраи азияткашида рӯи замин ба пушт афтода ҷон меканду дар наздаш ҷасади тифли мурдае мехобид.

Муддати мадиде дар ҷойи вафоти папесса калисои хурде меистод, ки римиҳои қадрдон барои хотираи неки ҳукмрони одилу доно Агнесса бунёд намуда буданд. Аммо рӯҳониён бо ҳар роҳ мехостанд, ки аз ёди халқ хотираи номдуздро зудуда партоянд, аз ин рӯ калисо вайрон шуду санги мазори Иоанни VIII ғайб зад.

Солҳои 1834-1835 Александр Сергеевич Пушкин тасмим гирифта будааст, ки бо номи «Папесса Иоанna» асаре эҷод намояд. Ин дар дафтари қайдҳояш зикр гаштааст. Вале Пушкин нақшаашро амалӣ карда натавонист, марг имкон надод. Ва, умуман, тасодуфи аҷибе. Чунин ҳодисаи нодир дигар шавқи ягон шоиру нависанда, рассому таърихнигорро ба худ накашидааст. Гӯё ба номи папесса Иоанна табу, мӯҳри манъ, зада бошанд.

пешина
аз 424
навбатӣ