Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Юнони Қадим оҳанге менавохт ва зери таъсири он шеър мебофт. Сурудҳояш зуд қалбҳои шунавандагонро тасхир карда, рӯҳро болида дошта, ба дилҳо фараҳу шодӣ мебахшиданд. Сафо қасида, мадҳия, муноҷот, катиба ва сурудҳои ҷашнӣ менавишт. Вале ҳар сатри шеърҳои ӯ нисбат ба ашъори шоирони дигар зиндатар буд, ба дилҳо менишаст ва аз хотираҳо, аз ёдҳо зуду- да намешуд. Бесабаб нест, ки ба таърихи адабиёти олам шеъ- рҳои ӯ ба номи «Сафой» ворид гаштаанд. Ашъори Сафо пас аз чанд аср гирд оварда шуданд. Аз ин бармеояд, ки хӯшае аз хир- вори эҷодиёти ӯ то ба мо расидааст. Таъсири лирикаи Сафо ба фаъолияти шоирони римӣ Горасио ва Катулла беқиёс аст. Стра- бон Сафоро мӯъҷиза хондааст ва таъкид кардааст, ки «шоира- еро аз саҳифаҳои таърих ёфтану бо Сафо қиёс намудан амри маҳол аст». Сукрот пас аз шиносоӣ бо ашъори Сафо ӯро «му- раббии ишқварзӣ»-ҳояш номидааст.

«Сафо оташи ишқи маро нисбат ба маҳбубаam доман ме- занад, — хитоб кардааст Овидий ва маслиҳат додаст: — Сафоро аз ёд хонед, дигар чизе наметавонад аз он бештар ҳиссиётру барангезад!». Солон пас аз шиносоӣ бо лирикаи Сафо дарк сохт, ки вай «мурдан намехост, то даме, ки шеърҳои ӯро пурра аз ёд надонад».

Дар шеърҳои Сафо шавқмандии беандоза, ишқварзии пу- рҳарорат, эҳтироси ҳавас ва ҳиссиёти урён мавқеи асосӣ до- ранд, аз ин рӯ шунавандаро зуд мафтун сохта, дар банди ишқ нигоҳ медоштанд. Яъне Сафо аллакай чандin асрҳо муқаддам ишқ, ишқварзӣ, ҳиссиёти ваҷдомези инсонро сароида, ба нуқ- таи баландтарини дастнорас бардошт. Ӯ шеъре гуфта, ки тар- ҷумаи таҳтуллафзиаш чунин аст:
«Ва ҳар гоҳ ки ман...
Бо ту мешавам...
Аз дидори ошиқона...
Рӯҳам ба ларза меояд...
Нафас дар гулӯям печида...

пешина
аз 424
навбатӣ