100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Чӣ тавре ки маданияти атиқа сарчашмаи ҳамаи ҷараёнҳои фалсафӣ ва санъати имрӯза ба ҳисоб меравад, Сафо низ гӯё рӯҳияи шоир ва асолати шоириро барои асрҳои минбаъда муайян кардааст. Аз он айёми қадим то ба имрӯз ҳар як сатри қофиядор заррае ҳам бошад ба ашъор ва печутоби тақдири Сафо монандие дорад. Бесабаб Афлотун шоираро дар баробари нӯҳ олиҳа – духтарони Зевс ва Мнемосина «олиҳаи даҳум» ном нагузоштааст.
Саргузашти Сафо пур аз рақамҳои ба ҳам мухолиф ва баҳсталабанд ва ин бесабаб ҳам нест. Зеро тақозои шахси каме афсонавию ривоятӣ ҳамин гуна аст. Ҳаёти шоире, ки бо худоён ҳарф мезанад, шаффоф ва фаҳмо буда наметавонад. Ҳатто дар хусуси симои зоҳирии Сафо ҳукм рондан душвор аст. Аз рӯи баъзе ривоятҳо басо сабзина буду чеҳраи зебои дилрабо надошт, қоматаш ҳам он қадар боло набуд. Вале чашмони барқафшони вай ҳар як ҳамсӯҳбатро мафтуну пойбанд мекарданд.
Сафои «пурэҳтирос», ба ақидаи ҳамзамононаш, дар ҷазираи Лесбос ба дунё омадааст. Падараш Скамандроним асилзода бошад ҳам, ба тиҷорат шуғл варзида, соҳиби боигарии зиёде мешавад. Пас аз вафоти қиблагоҳ Сафои ҳабдаҳсола бо бародараш аз ошӯби деҳқонон ба тарс афтода аз ватан фирор мекунад. Танҳо пас аз понздаҳ сол ба ҷазираи Лесбос баргашта, дар шаҳри Митилен макон мегирад. Аз ин рӯ дар баъзе шеърҳояш тахаллуси Сафои Митиленӣ ба чашм мехӯрад.
Сафо, ки дар мактаби гетераҳо таълим гирифта буд, барвақт ба эҷоди шеър пардохт. Ӯ бо лира – асбоби рубобмонандӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё