100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Дар ин байн одамони ба ном хайрхоҳ ба шоҳ корнизаки паривашеро ба занӣ пешниҳод намуданд. Эхнатон баъди издивоҷ бо Киа Нефертитиро фаромӯш накард. Аммо Нефертитӣ натавонист хиёнати фиръавнро бибахшад. Ҳамин тавр, риштаи меҳру муҳаббати Нефертитӣ ва Эхнатон гусаст. Онҳо дигар натавонистанд бо ҳам бипайванданд. Пас аз се сол Эхнатон вафот кард. Шоҳи нави Тутанхамони кабир ба духтари Нефертитӣ Анхесенамони нозанин ақд баст ва пойтахти кишварашро ба шаҳри Фив кӯчонд. Нефертитӣ дар Ахенатон, ки аз кӯчаҳои ин шаҳри бошукӯҳ оҳиста-оҳиста ва муттасил ҳаёт канда мешуд, монд. Вақте ки шаҳр қариб аз одамон холӣ гашт, Нефертитӣ аз дунё чашм пӯшид. Ӯро мувофиқи васияташ дар дахмаи Эхнатон дафн карданд. Ва пас аз сӣ аср симои ӯ, гӯё аз зери хокистар, зоҳир гардиду тасаввуроти моро ба ҷунбиш овард ва маҷбур сохт, ки бори дигар дар хусуси сирру асрори зебоӣ биандешем: ин чӣ бошад — «зарф, ки дар он ҳеҷ аст ё оташ, ки дар зарф чашмак мезанад?»
САФО
(Солҳои тахминии зиндагиаш
612-572-и то милод)
Шоираи Юнони Қадим. Дар ҷазираи Лесбос зистааст. Сарвари маҳфили бонувони асилзода буда, ба аъзои он аз мусиқӣ, рақс ва суруд сабақ медодааст. Меҳвари мавзӯи ашъори лирикиаш ишқ ва зебоии занона мебошад. Назми Сафо бо гуногунвазнии худ фарқ дорад, яке аз қолабҳои шеърии эҷоднамудааш қитъаи «сафоӣ» унвон гирифтааст.
Бешубҳа, ягон нафар бонуи қалам ба даст наметавонад дар адабиёт ба Сафо, «маликаи шоираҳо», ҳамсанг гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё