100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
кӯтоҳ канизаки одӣ тавонист қалби шоҳи муқтадирро тасхир созад?
Пас аз издивоҷ бо Нефертитӣ шоҳ аҳли ҳарамашро куллан ба боди фаромӯшӣ супурд. Завҷаи мӯрчамиёни сарвқади кабкхиромашро аз худ як қадам дур рафтан намемонд. Бар рағми ҳар гуна қоидаву анъанаҳо Нефертитӣ бо хоҳиши шавҳараш Аменхотепи IV, ки лақаби Эхнатон — писандидаи худо Атонро гирифта буд, дар маҳфили қабули сафирон ширкат меварзид, ҳатто ҳангоми боздиди дидбонгоҳҳои сарҳадии атрофи шаҳр фиръавн завҷаашро ҳамроҳ мебурд, бо ӯ машварат меорост. Акнун посбонҳо на танҳо ба Эхнатон, балки ба Нефертитӣ ҳам ҳисобот медоданд.
Ситоиши Нефертитӣ аз ҳадди ҳар гуна эътидол ҳам гузашт.
Муҷассамаҳои бузургу боҳашамати Нефертитӣ ҳар як шаҳри Мисрро зебу оро медоданд.
Магар ҳамаи ин обрӯю эътибор, шаъну шӯҳратро Нефертитӣ танҳо бо зебоӣ ва нозу истиғно ба даст овард? Ё шояд ин ҷо таъсири ҷодугарӣ бошад? Вале мо ҷодуро як тараф гузошта, сабабҳои воқеиро ба асос мегирем. Ба назари мо Нефертитии тамоман навниҳол бо ақлу фаросати ҳақиқатан ҳам шоҳона ва садоқати бепоён нисбат ба шавҳар тавонист тухми ин ҳама меҳру муҳаббатро дар қалби шоҳ пошад ва комёб гардад.
Буданд, албатта, макру ҳилаҳо, ҳасудхӯриҳо ва дасисабозиҳои онҳое, ки ҳеҷ дарк сохта наметавонистанд, ки бо кадом сабаб зан зимоми давлатро ба даст гирифтааст ва ҳангоми машварат ба ҷои мушовирон ба шоҳ маслиҳатҳои муфид медиҳад.
Ва ба назар чунин мерасид, ки бахту саодати Нефертитӣ ҳаргиз газанд нахоҳад ёфт. Аммо дар зиндагии воқеӣ дер ё зуд фасли хазон фаро мерасад. Барои Нефертитӣ низ айёми ғаму андӯҳ омад. Сабаб дар он буд, ки вай натавонист писаре ба дунё орад. Ҳарчанд шаш духтар таваллуд намуд, барои шоҳ писар — вориси тахт зарур буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё