Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ба назар расид. Сангпора оташи завқи касеро доман намезад.

Вақте ки онро ба Берлин оварданд, тахтасанг ба чеҳраи ҷаззоби Нефертитӣ табдил ёфт. Ровиёни ахбор мегӯянд, ки олмониҳо барои фириб додани нозирон тахтасангро бо коғази нуқрафом печонида, сипас ба гаҷ ловидаанд. Чун найранги археологҳо фош гашт, ҷанҷоли сахт бархост. Вале оғози ҷанг ба доман задани ҳангома имкон надод. Ба ҳар ҳол чанд муддат роҳи олимони бостоншиноси олмониро ба Миср бастанд.

Аммо ин қурбонӣ дар муқоиса бо дастоварди бебаҳои асари санъати тасвирӣ ҳеҷ буд. Ситораи Нефертитӣ ба зудӣ чунон ба шӯълаафканӣ пардохт, ки гӯё вай на маликаи Мисри Қадим, балки ситораи кинои замони муосир аст. Ба мисли он ки асрҳои зиёд зебоии ӯ интизори эътирофи умум буду инак даври вай фаро расид, ба шарофати ҳисси санъатпарастии мардум Нефертитӣ ба қуллаи шӯҳрат қадам ниҳод. Мо бояд аз чеҳраи дилрабо, андоми мутаносиби Нефертитӣ миннатпазир бошем, ки ин сурати зебо бароимон дари олами санъати нафисаи Мисрро боз намуд.

Нефертитӣ, ин бонуи шӯҳратёр, дар ҳақиқат, кӣ буд? Аз рӯи мавқеи иҷтимоӣ яке аз занҳои сершумори ҳарами шоҳ ба ҳисоб мерафт. Вале аз байни ин қадар бонувон ӯ чӣ тавр тавонист маҳбуби шавҳар ва сазовори эҳтироми мардум гардад?

Ӯ, албатта, аз авлоди одамони мӯътабар буд, хеши наздики дояи шавҳараш ба ҳисоб мерафт. Он замон мавқеи доя дар миёни дарбориён хеле баланд буд. Шавҳари дояи Эхнатон яке аз ходимони баландрутбаи давлат, Сардори аскарони дучархасавор буд, пас аз вафоти фиръавн чанд муддат вазифаи ҳокимии Мисрро ба зимма дошт. Вале дар дарбори шоҳ барои ҳарам бонувоне, ки аз ҷиҳати насаб ба шоҳ хеле наздиканд, яъне хоҳарон, ҷиянҳо ва ҳатто духти худи шоҳон, интихоб мешуданд, то ки «тозагии хун» олуда нагардад.

Нефертитӣ бошад новобаста ба ин анъанаҳо завҷаи фиръавн шуд. Шояд дар ин ҷо сирре ниҳон аст, ки чаро дар як муддати

пешина
аз 424
навбатӣ