100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Ба хаёлам дар чашмонам рӯшноӣ мемирад...
Менигарам, чизеро надида...
Зӯре дигар надорам...
Ва мадҳуш интизорам...
Ва медонам...
Ана, ана мемирам, ана мурдам».
Ин сатрҳоро бо дилпурӣ «саҳнаи ишқварзӣ» номидан мумкин. Сафо ошиқони зиёде дошт. Шоир Алкей дар оташи ишқи ӯ месӯхт. Аммо Сафо бо дигар мард издивоҷ намуд ва духтарчае ба дунё овард. Ӯ тифли маъсумро беҳад дӯст медошт ва як силсила дар васфи духтараш шеър офарид. Бояд зикр сохт, ки дар мавзӯи ситоиши меҳри модарӣ дар назми ҷаҳонӣ бо чунин маҳорат кам шеър гуфтаанд ва назирашро ёфтан натавон. Вале тақдир чунин шуд, ки шавҳар ва тифли дӯстрӯяки Сафо умри зиёд надида рафтанд. Барои раҳоии аз ғаму ғусса Сафо ба баҳри беканори эҷоди шеър ғӯта зад ва аз хеш марвориди зиёд ба мерос монд.
Дар ривояте омадааст, ки худо азобҳои рӯҳии Сафоро дида, раҳмаш омаду ба вай муҳаббати мардеро фиристод. Дар ҷазира Фаон ном дарёнаварде мезист ва одамонро аз соҳиле ба соҳиле мерасонд. Боре ӯ Афродитаро, ки дар сурати кампире зоҳир гашта буд, ба соҳили осиёии ҷазира бурд. Барои ин хизмат Афродита ба ҷавонмард марҳаме тӯҳфа намуд. Ба шарофати он Фаон ба ҷавони зебову болобаланд табдил меёбад. Сафо ба ӯ ошиқ мешавад, лекин ҷавоби рад мегирад ва аз яъсу ноумедӣ аз қуллаи Левкад худро рӯи сангпораҳои нӯгтез меафканад. Ӯ пеш аз марг навишта буд: «Ман дӯст медоштам, аз сӯзи фироқ ошиқонро ба оғӯши танҳоиям мехондам, аммо худоён тавсифи олии андӯҳу сӯзу гудозро баҳрам ато намуданд...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё