Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Пас аз сипарӣ гаштани солҳо тадқиқотчии маъруфи қутб Фритҷоф Нансен дар хусуси Амундсен чунин иброз дошт: «Дар ниҳоди ӯ як қувваи бузурги ба ҷӯшу хурӯш оваранда ниҳон буд. Амундсен олим набуд, олим шудан ҳам намехост. Ӯро корнамоиҳо ба худ мекашиданд...

Ва бигузор касе дар хусуси хандаи бахт ё омади кори ӯ ҳарф назанад. Бахти Амундсен ин бахти одами қавиирода, бахти шахси донои дурандеш аст».

Руал Амундсен соли 1872 ба дунё омадааст. Дар айёми наврасӣ вай бачаи касалманд ва беқувват буд. Баҳри омода гаштан ба санҷишҳои душвори зиндагӣ ӯ ҳар рӯз мунтазам ба тарбияи бадан шуғл меварзид, дар фасли зимистон тавассути лижа бисёр манзилҳоро тай мекард. Модарро ба ваҳшат оварда, шабона тирезаи хонаи хобашро кушода мемонд, дар рӯи як қолинчаи назди кат ба болояш палто ё рӯзномаҳоеро партофта мехобид.

Худи Амундсен қисса намудааст, ки ҳанӯз дар понздаҳсолагиаш, баъди мутолиаи китоби Ҷон Франклин, ба саёҳати қутбҳо дил бохт.

Нахуст ӯ илми тиб омӯхт, вале пас аз вафоти модар филфавр рафти фаъолияташро тағйир дод. Дар бисту дусолагӣ чун маллоҳи киштии шикории бодбонӣ ба соҳилҳои Шпитсберген шино менамояд. Сипас ӯ дар бисёр киштиҳо шино кард, Мексика, Испания, Англия ва Африқоро сайр намуд. Соли 1896 ниҳоят вай аз рӯи ихтисоси штурман-роҳбалади баҳрӣ имтиҳон супурда, дар ҳайати экспедисияи белгиягӣ барои зимистонгузаронӣ ба Антарктида сафар кард. Зимистони солҳои 1897-1899

пешина
аз 424
навбатӣ