Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

бодбонҳоро сӯи хона гардонд. Душвории сафар дар он буд, ки вай наметавонист ба соҳилҳои Африқо наздик шавад. Зеро дар он ҷойҳо роҳзанҳои португаливу арабҳо ҳукм меронданд. Аз ин рӯ зарур меомад, ки дуртар аз соҳилҳо киштӣ ронад, тавассути ситораҳо, вазиши бод ва таҷрибаи худ самти шиноро муқаррар созад.

Ба ҳар ҳол ҳамаи душвориҳою нокомиҳоро паси сар намуда, 8 сентябри соли 1522 киштии онҳо дар Севиле лангар андохт. Ҳамин тавр дар таърихи башар аввалин сафари баҳрии гирди замин бо комёбӣ анҷом пазируфт. Сафар қариб се сол идома ёфт, аз 265 нафар иштирокчӣ ҳамагӣ ба Испания 18 нафар баргашт.

Шоҳи Испания баҳрнавардони ҷасурро шоҳона мукофот дод. Вале қаҳрамони асосӣ на Магеллан, балки Элкано дониста шуд. Ба ӯ нафақаи ҳарсола таъин намуданд, инчунин бо нишони махсус, ки дар рӯяш акси кураи замин бо суханони «Ту маро чарх задӣ» ҳаккокӣ гашта буд, сарфароз гардид.

Бори нахуст дар атрофи замин шино намуда, экспедитсия собит сохт, ки Замин дар ҳақиқат курашакл аст.

Руал Амундсен
(Солҳои зиндагиаш 1872-1928)

Амундсен — бузургтарин сайёҳи қутбҳои шимоливу ҷанубӣ, аввалин фотеҳи Қутби Ҷанубӣ. Амундсен инчунин нахустин шахсест, ки дар мавзеи Баҳамоии ду қутб истода, ба парвози тайёра тавассути Қутби Шимолӣ аз Аврупо ба Амрико роҳбарӣ намудааст. Вай дар яхта-киштии махсуси сайёҳии «Иоа» якумин шуда, аз шимол Амрикоро чарх зад ва қад-қади ҳамаи соҳилҳои уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ шино кард.

пешина
аз 424
навбатӣ