100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
надошт, бо нерӯи бузурги ҷисмонӣ ва қатъияту боварӣ ба худ аз дигарон фарқ мекард. Боре ҳам бемор нашуд, ҳангоми убури укӯнус вай қариб 17 ҳазор километр масофаро шино намуд ва дар роҳи обиаш танҳо ду ҷазираро вохӯрд: яке дар галаҷазираҳои Туамо, дигарӣ дар галаҷазираҳои Лайн. Вай инчунин ду ҷазираи аҳолинишин – Гуам ва Ротаро аз гурӯҳи ҷазираҳои Мариан кашф кард.
Ва алқисса моҳи марти соли 1521 се ҷазира пешорӯи онҳо намудор гашт ва онҳоро Магеллан ҷазираҳои Дуздон ном гузошт. Зеро сокинони онҳо бо заврақҳои худ ба киштиҳои маллоҳон ҷафс шуда, бисёр лавозимоти меҳмононро ба яғмо бурданд. 15 март экспедиция ба галаҷазираҳои бузурги Филиппин расид. Магеллан бо садои гулдуросии тӯпҳо ҳокими ҷазира Собуро сахт тарсонда, маҷбураш сохт, ки тобеи шоҳи испанӣ шавад.
Галаҷазираи Филиппинро Магеллан ба шарафи шоҳзода Филиппи дуюм, шоҳи ояндаи Испания чунин номид. Дар ин ҷо Магеллан барои истироҳат таваққуф намуд. Вале 27 апрели соли 1521 дар яке аз задухӯрдҳо бо аҳолии маҳаллӣ кушта шуд. Ҳокими ҷазира Собу як қисми маллоҳонро ба меҳмонӣ хонд, вале аҳдшиканона ба онҳо ҳамла овард ва 24 нафарро ба қатл расонд. Дар се киштӣ ҳамагӣ 115 нафар монд. Маллоҳон кам буданд. Аз ин рӯ зарур омад, ки киштии «Консепсион»-ро оташ зананд. Ду киштӣ дар шароити бисёр вазнин лангар бардошт ва дар охири соли 1521 ба ҷазираҳои Молук расид. Акнун ба экспедитсия ёвари Магеллан Себастян Х. Элкано сарварӣ мекард. Ин вақт зери роҳбарии ӯ 108 нафар боқӣ монда буд. Маллоҳон ба хулосае омаданд, ки киштии «Виктория» дар уқёнуси Ором сафарро идома бахшад, киштии «Тринидад» ба қафо, ба Амрико баргардад. Вале капитани «Тринидад» гулӯгоҳи Магелланро ёфта натавонист ва ба ҷазираи Молук бозгашт. Ба рӯи «Виктория» бахт хандид: то қитъаи Африқо расид ва дар димоғаи Умеди Нек ба тӯфони шадид истодагарӣ карда, Элкано

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё