Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳамон шаб, аз тарси зимистонгузаронӣ дар замини ношинос, сардорони киштиҳои «Виктория», «Консепсион», «Сан-Антонио» бар зидди Магеллан қиём намуданд. Шӯришро Фернандо бераҳмона пахш кард. Фармон дод, ки капитанҳои «Виктория» ва «Консепсион»-ро паронанд, капитани «Сан-Антонио» ва роҳиби шӯришгарро ба соҳили беодам бадараға намоянд, ҳарчанд ба онҳо марги ногузир таҳдид дошт. Баҳорон боз фалокате пеш омад: киштии «Сантяго», ки барои фаъолияти кошифӣ пеш-пеши даста шино мекард, ба харсанг бархӯрда пора-пора шуд. Маллоҳони он ба дигар киштиҳо тақсим гаштанд.

Магеллан аз халиҷ 24 августи соли 1520 лангар бардошт, оҳиста-оҳиста ҳар як хамгашти соҳилро таҳқиқ намуда ба ҷануб шино намуд.

21 октябр киштиҳои «Сан-Антонио» ва «Консепсион» барои дарёфти гулугоҳ ба пеш фиристода шуданд. Нохост тӯфон бархост. Вале, хушбахтона, маллоҳон дар соҳил хамгаште диданд ва ба оби ороми он киштиҳоро ронда, аз тӯфони шадид амон ёфтанд. Ин маҳал як халиҷи обаш шӯри борики тӯлоние будааст. Маллоҳон дарк сохтанд, ки пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ба мақсад расиданд, гузаргоҳ аз уқёнуси Атлантик ба ҷаҳони нави номаълум ёфт шуд.

Дар соҳили ҷанубии гулӯгоҳ маллоҳон шӯълаи оташгоҳҳои зиёдеро диданд. Магеллан ин маҳалро макони Чароғон номид. Пас аз як моҳ гулӯгоҳ дар паси киштиҳо монд. Аммо капитани киштии «Сан-Антонио» аз фурсати муносиб истифода бурда, аз даста канда шуд ва роҳи гурезро пеш гирифт. Вай киштиашро ба Испания расонд ва дар ҳақи Магеллан тӯҳматҳо бофта, ӯро хоини ҳукумат хонд.

Се моҳу бист рӯз киштии Магеллан дар уқёнуси бекарон ҷавлон зад. Ба бахти маллоҳон уқёнуси босалобат хомӯшу ботамкин буд ва Магеллан ба он Ором ном ниҳод.

Қариб ҳамаи маллоҳон гирифтори бемории синга буданд. Бисёриҳо ба марг расиданд. Магеллан, ҳарчанд қомати боло

пешина
аз 424
навбатӣ