Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

он ҷо монд. Экспедиция 13 моҳ тӯл кашид. Аз сабаби он ки ба он хуб омодагӣ надида буданд, қариб ҳама ба бемории синга гирифтор шуд. Ду нафар аз ақл бегона гашт, як нафар фавтид. Амундсен аз ин экспедиция сабақи якумра бардошт.

Вай адабиёти ба ҳаёти қутбҳо бахшидаро пурра мутолиа кард, то ки номгӯи зарурии ғизо ва тарзи омода сохтани онҳо, намудҳои гуногуни либос, асбобу анҷоми ҳатмиро комилан аз бар намояд.

Баъди он ки соли 1899 ба Аврупо баргашт, ӯ барои гирифтани унвони капитани киштӣ имтиҳон супурд, сипас ризояти таҳқиқотчии маъруфи қутб Нансенро ба даст оварда, киштии на он қадар бузурги сайёҳӣ харид, ба он «Иоа» ном гузошт ва ба экспедицияи шахсиаш омодагӣ дид. Амундсен мехост кореро ба сомон расонад, ки то ҳол иҷрояш ба касе даст надода буд, яъне орзу дошт аз роҳи шимоли ғарбӣ бигзарад. Ва ба ин сафари ҳам пурхавфу ҳам дилфириб рости се сол омодагӣ гирифт.

Моҳи июни соли 1903 дастаи сайёҳии иборат аз ҳафт нафар бо сарварии Амундсен дар киштии 47-тоннагии «Иоа» баҳри амалӣ гаштани орзуи се асраи инсоният ба сафар баромад.

Сафина аз Гренландияи Ғарбӣ ба ҷануб ба канори шимолии ҷазираи Кинг-Вилям шино намуд. Хатоии марговари Франклинро ба назари эътибор гирифта, Амундсен ҷазираро на аз тарафи ғарб, балки аз сӯи шарқ давр зада гузашт ва дар бандари Иоа, дар тарафи ҷануби шарқии соҳили ҷазираи Кинг-Вилям ду зимистонро сипарӣ кард.

Аз он ҷо тирамоҳи соли 1904 вай тавассути заврақ қисми аз ҳама борики гулӯгоҳи Симпсонро таҳқиқ намуд, охири тобистони соли 1905 рост ба сӯи ғарб, қад-қади соҳилҳои материк, галаҷазираҳои арктикии Канадаро ба тарафи шимол гузошта киштӣ ронд. Дар қисми шимоли ғарбии соҳилҳои Канада бори сеюм зимистонро ба сар бурда, Амундсен тобистони соли 1906 ба воситаи гулӯгоҳи Беринг ба уқёнуси Ором баромад ва дар

пешина
аз 424
навбатӣ