Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

нақши асосӣ дар филми «Шабаҳ ва ҳақиқат» ҳунарманд меҷуст. Ӯро бо ҳунарпешаи ҳабдаҳсолаи басо зебою шармгин, боҳаё ва доно Уна О,Нил, духти драмнависи шинохта Юҷин О,Нил, шинос карданд. 15 июни соли 1943 онҳо ақди никоҳ бастанд, дар ин вақт Чаплин 55-сола буд. Ин никоҳ ба ӯ бахт овард. Уна ҳаёти ҳунарпешаи закиро дар куҳансолӣ зеб бахшид. Аввал Ҷералдина, сипас Майкл, Ҷозефина Ханна, Виктория, Юҷин, Ҷейн, Аннет ва Кристофер ба дунё омаданд.

17 сентябри соли 1952 Чаплин аз Амрико ба Англия кӯч мебандад. Соли 1957 филми ӯ «Шоҳи Ню Йорк» ба саҳна мебарояд, ки намоиши онро дар ИМА манъ менамоянд. Соли 1962 Донишгоҳи Оксфорд ба Чарлӣ Чаплин унвони доктори илми адабиётрод дод. Пас аз даҳ рӯз Донишгоҳи Даремск низ чунин қарорро ба тасвиб расонд. Чанде нагузашта ёддоштҳои Чаплин «Зиндагиномаи ман» аз нашр баромад.

Соли 1966 филми «Графзан аз Гонконг»-ро бо иштироки Софӣ Лорен, Марлон Брандо ва чанд масхарабоз ба навор гирифт.

Чарлӣ Чаплин дар фестивали Канн соли 1971 барои эҷодкорӣ соҳиби мукофоти махсус шуд ва ҳамон сол бо ордени Легиони фахрӣ қадр гашт. Дар фестивали байналмилалии кинои Венетсия (соли 1972) вай ба «Шери тиллоӣ» мушарраф гардид.

Киноакадемияи амрикой дер шуда бошад ҳам, соли 1972 ӯро барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи кино бо «Оскар» сарфароз кард. Пас аз як сол Чаплинро боз ба ёд оварданд. Ин дафъа дар Лос-Анҷелес филми ӯ «Чароғҳои саҳна» соҳиби «Оскар» шуд.

Маликаи Англия моҳи марти соли 1975 ба ӯ мартабаи ритсарӣ бахшид.

Чаплин дар шаби мавлуди Исои Масеҳ, 25 декабри соли 1977 аз олам чашм пӯшид. Маросими дафнаш хеле хоксорона сурат гирифт.

пешина
аз 424
навбатӣ