100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
драмавии риққатовари «Бонуи порижӣ»-ро меофарад. Худи актёр дар нақши лаҳзавӣ дар симои ҳаммоли вокзал як аён мешаваду бас. Вале ҳамин нақши хурдакак ҳам дар хотири тамошобинон нақш баст. Мунаққидон аз дидани филм ба ваҷд омада, Чаплинро нобиға хонданд.
Соли 1925 филми «Васвасаи тилло» ба намоиш мебарояд, ки онро Чаплин ҳам асари безавол мепиндошт. Дар ин намоишнома лаҳзаҳои лирикию фоҷиавӣ нохост ба мазҳака табдил меёбанд. Ҳангоми ба навор гирифтани он ҳунарпешаи мумтоз маҷбур мешавад, ки боз зан гирад. Ҳанӯз соли 1918 бо Милдрес Харрис ақди никоҳ баста, аз вай охири соли 1919 ҷудо шуда буд. Ин дафъа бо Лита Грейи 15-сола, ки аз вай ҳомила шуда буд, оила барпо кард. Дар акси ҳол ӯро ба муддати 30 соли ба зиндон меафканданд. Пас аз ду сол риштаи ин оила низ гусаст. Лита Грей як миллион доллар ва рентаи чашмраси якумраро соҳиб шуд. Чарлӣ Чаплин ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ афтод. Аз дармонгоҳ тамоман бо сари сафед баромад. Филми «Сирк»-ро соли 1928 ба намоиш гузошт, ки ба офарандааш 3 миллион доллар фоида овард. Ҳангоми банаворбардории филми «Чароғҳои шаҳри калон» (соли 1931) Чаплин мусиқии нафисро истифода бурд. Филм ду хати сюжет дошт: ишқи ғариби хурдҷусса Чарлӣ ба духтараки гулфурӯши нобино ва дӯстии ӯ бо миллионери майхора. Нахустнамоиши филм гарм истиқбол ёфт.
Соли 1936 филми «Замонҳои нав» ба намоиш баромад, ки аз ҳаёти коргарони завод ривоят мекард. Баъди филмбардорӣ Чаплин бо ҳунарпешаи кино Полетт Годдар ба Чин меравад ва дар Кантон бо Полетт ақди никоҳ мебандад.
Соли 1940 вай филми ҳаҷвии «Диктатори бузург»-ро офарида, ба ҳоли Ҳитлер механдад. Ин асар махсусан дар Англия ҳаводорони зиёде пайдо кард. Дар солҳои ҷанг Чаплин бо навиштани мақолаҳо, баромадҳо ва вохӯрӣ бо сарбозон бар зидди фашизм мубориза мебурд.
Соли 1942 Полетт аз Чаплин, бо сабаби ба ҳам мувофиқ наомадани хислатҳояшон, ҷудо шуд. Чарлӣ бошад барои иҷрои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё