100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Фернандо
Магеллан
(Солҳои зиндагиаш
1480-1521)
Баъди он ки Колумб Амрикоро кашф намуд, ин қитъа муттасил аз худ карда мешуд ва пас аз чанде маълум гашт, ки соҳили аз ҷониби Колумб кашф гардида ба тарафи ҷануби ғарбӣ тоб мехӯрад. Ин ҳолат фарзу тахминҳоро ба миён меовард ва сайёҳони ҷуғрофидон мегуфтанд, ки материки нав дар ҷануб шакли нимҷазираро дорост.
Аммо вақти зиёд сипарӣ мегашту касе ҷуръати аз ҷануб гузаштани қитъаи Амрико ва бо ин роҳи обӣ то ба Ҳиндустони ҳақиқӣ расиданро надошт. Нахустин шуда ин сафари баҳриро Фернандо Магеллан амалӣ намуд.
Магеллан аввалин сафари баҳрии гирди оламро, ки он курашакл будани заминро собит сохт, ташкил кард. Якумин шуда аврупоиҳо аз Атлантик гузаргоҳ ёфта, Ором - бузургтарин уқёнусро «бурида гузаштанд». Магеллан ҳақиқати мавҷудияти уқёнуси Ягона ва курашаклии Заминро дар амал нишон дод.
Экспедисияи ӯ муайян намуд, ки қисми зиёди рӯи заминро хушкӣ не, чи тавре ки Колумб ва ҳамзамонони ӯ мепиндоштанд, балки оби уқёнусҳо пӯшондааст.
Фернандо Магеллан дар айёми бедоршавии табиат, баҳори соли 1480 дар маҳаллаи Саброзаи музофоти Вила – Реали
Португалия таваллуд шудааст. Давраи бачагӣ ва наврасии ӯ
дар шарқи кишвар сипарӣ гашт. Падараш, ки ба авлоди дворянҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё