Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

аз саҳнаи зиндагии муқаррарии одамон тафовут надошта бошад, тамошобин намоишномаҳоро ҳамчун порае аз зиндагӣ қабул намояд.
Константин Сергеевич Алексеев, ки минбаъд бо тахаллуси Станиславский машҳури дунё мешавад, мувофиқи солшумории кӯҳна 5 январи соли 1863 дар шаҳри Маскав таваллуд ёфтааст. Вай чил соли умрашро дар хонаи волидайн бо нишонии дарвозаҳои Сурх сипарӣ намуд.

Бобои Станиславский асосгузори ширкати саноатии бонуфузе ба ҳисоб мерафт. Константин Сергеевич баъдтар навиштааст: «Падарам Сергей Владимирович Алексеев руси ҳақиқӣ ва сокини таҳҷоии Маскав, соҳиби фабрика буд, модарам Елизавета Василевна Алексеева аз тарафи падар рус, аз сӯи модар фарангӣ буд. Модаркалонам, ҳунарпешаи машҳур Варлей, аз Париж ба Петербург бо барномаи концертӣ омад ва дигар барнагашт».

Волидайни Станиславский барои тарбияи фарзандон маблағро дареғ намедоштанд. Омӯзгорони фанниро муаллимони рақс, шамшерзанӣ, тарбияи бадан иваз мекарданд. Ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти хоса медоданд.

Таҳсил дар гимназия ба Костя писанд набуд, ба қориёна омӯхтани забонҳои лотинию юнонӣ рағбате надошт ва соли 1880 онро ба итмом нарасонида тарк кард.

Ҳанӯз дар овони бачагӣ Костя ба театр завқи беандоза зоҳир месохт. Вай бо бародару хоҳарон дар намоишҳои оилавӣ бо ҳавсалаи том нақшҳо мебозид, баъдтар аз ин ҳаваскорони хурдсол дар хонаи волидайн гурӯҳи муташаккили ҳунарӣ бо номи «Маҳфили Алексеевҳо» созмон ёфт.

Дар айёми ҷавонӣ Константин дар фабрикаи падар кор кард, вай яке аз муҳандисони ҷӯяндаю болаёқат ба ҳисоб мерафт, аз хориҷа, махсусан аз Фаронса бисёр таҷҳизоти нави техникӣ оварда, дар коргоҳ насб намуд, баъдтар ба вазифаи директорӣ расид.

пешина
аз 424
навбатӣ