Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

бахшидаам», - мегуфт ӯ ва ин асарашро яке аз ҷиддитари- нҳо меҳисобид.

Симфония бори нахуст дар Петербург бо роҳбарии худи муаллиф садо дод. Баъди чанд рӯзи он Чайковский сахт бемор шуд. Дард илоҷнопазир будааст. Шаби 25 ба 26 октябри соли 1893 бастакор дар айни авҷи камолоти эҷодӣ аз дунё чашм пӯшид.

Константин
Сергеевич
Станиславский

(Солҳои зиндагиаш
1863-1938)

Станиславский ҳам актёри моҳир ва ҳам режиссёри наво- вар буд, ӯ ба шарофати санъати саҳнагузории намоишно- мақояш роҳи минбаъдаи режиссураи асри XX-ро муайян на- муд. Намоишномаҳои таҳиякардаи ӯ ҳама классикӣ шудаанд. Константин Сергеевич методологияи эҷодиёти актёрӣ, тарзи ботинан воридшавӣ ба образ - «системаи Станиславский»-ро эҷод кард. Идеяҳои вай ба сайқал ёфтани маҳорати актёрии ҳунарварони Аврупою Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақши но- сутурданӣ гузоштаанд.

Бори нахуст дар саҳнаи театри рус Станиславский мавқеъ ва нақши режиссёрро ҳангоми таҳияи намоишнома ва ягонагии ансамбли актёрҳоро муайян ва муқаррар намуд.

Станиславский таҷАССУМИ ҳаётии рӯҳи инсонро дар театр аз ҳама муҳим ва асосӣ меҳисобид. Мекӯшид, ки саҳнаи театр

пешина
аз 424
навбатӣ