Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

намуд, сипас дар шаҳрҳои Одесса, Киев ва Москва ҳаводорони зиёдеро ба ваҷд овард. Мунаққидон ба ин асар хайрхоҳ буданд. Операи «Вакулаи оҳангар», ки аз рӯи асари Гогол «Шаби пеш аз мавлуди Исо» эҷод шуд, дар театри Мариинск дар тӯли якчанд мавсими театрӣ 18 маротиба пешкаши мухлисон гардид.

Дар эҷодиёти бастакор асарҳои симфонӣ – сарахбор-фантазияи «Ромео ва Ҷулета» (1869), фантазияи «Тӯфон» (1873, ҳар ду аз рӯи асарҳои В. Шекспир), фантазияи «Франческо да Риминӣ» аз рӯи асари Данте, ки соли 1876 ба миён омада буд, нақши хубе гузоштаанд. Солҳои 1872-1876 Чайковский барои фортепиано симфония, романс ва асарҳо меофарад. Соли 1877 балети «Кӯли қувон» ба миён меояд. 20 феврали соли 1877 нахустнамоиши он дар Театри калон бомуваффақият сурат мегирад ва ин асар то соли 1883, то вайрон шудани декорацияш пайваста дар саҳна буд. Операи «Евгений Онегин», ки соли 1878 аз рӯи асари Пушкин эҷод гашт, як табаддулоте дар ҷодаи санъати операи ҳам рус ва ҳам Аврупо буд. Соли 1890 барои Чайковский бо нахустнамоиши балети «Нозанини хуфта» оғоз ёфт. Имрӯз «Нозанини хуфта» марвориди барномаҳои хореографӣ аст. Дар дунё ягон театри балет нест, ки ба ин шоҳасар рӯи ниёз наоварда бошад. Моҳи марти соли 1890 Чайковский 44 рӯз дар Флоренсия зист ва дар ин андак вақт операи «Моткаи қарамашқ» - яке аз аҷоиботи оламшумулро дар таърихи кулли мусиқии сайёра офарид.

Дар тӯли солҳои 1891-1892 Чайковский операи лирикии «Иоланта» ва балети «Шлкунчик»-ро навишт. Сафари консертиаш соли 1891 ба Амрико низ ба бастакори рус комёбиҳои зиёд овард, ҳазорҳо нафар санъатдӯстон ба шарафаш қафкӯбӣ карданд.

Соли 1893 Донишгоҳи Кембриҷи Англия ба Чайковский ҳамчун мусиқидони закӣ унвони доктори илми ҳуқуқро дод ва дар ҳамин сол бастакор эҷоди симфонияи Шашумро ба охир расонд. «Ба ин симфония, бе ягон шаку шубҳа, тамоми вуҷудамро

пешина
аз 424
навбатӣ