100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Соли 1859 Пётр ба Вазорати адлия ба кор медарояд. Аммо ӯро мусиқӣ ба худ мекашид. Вай дар китоби хотирааш менави-сад: «Ба омӯзиши назарияи мусиқӣ пардохтам. Бо истеъдоде, ки ман дорам, дар ин роҳ таваккал накардан гуноҳи нобахши-данист»
Тобистони соли 1861 Чайковский бори нахуст ба хориҷа рафта, дар Париж намоишномаҳои «Трубадур»-и Верди ва «Гу-генотҳо»-и Мейерберро тамошо мекунад. Тирамоҳи ҳамон сол ба Синфи мусиқӣ, ки баъди як сол ба Консерваторияи Петер-бург табдил меёбад, шомил мешавад.
Назарияи мусиқиро аз Н. И. Зарембӣ, композицияро аз А. Г. Рубинштейн меомӯзад. Дар консерватория бо санъатшино-си оянда Герман Ларош шинос шуда, ҳамроҳ ба намоишҳои операвии ва концертҳои симфонӣ мераванд.
Соли 1865 Чайковский консерваторияро бо медали нуқра хатм менамояд. Моҳи январи соли оянда бо даъвати Николай Григорьевич Рубинштейн муғаннии ҷавон ба Москва кӯч мебан-дад, то ки профессори Консерваторияи ин шаҳр таъин гардад.
Тамоми тобистони соли 1866 симфонияи якумро, ки баъдтар ба он «Рӯъёи зимистон» ном мегузорад, сайқал мебахшад. Ин нахустин симфонияе буд, ки бастакори русӣ дар ватанаш, дар Русия маълумоти мусиқии касбӣ гирифта, эҷод намудааст. Бо пешниҳоди драматурги барҷаста А. Н. Островский Чайковский аз рӯи асари «Воевода»-и ӯ опера меофарад. Нахустнамоиши он 30 январи соли 1869 дар Театри калони Москва баргузор гашта, ба бастакор шуҳрат меорад. Аммо эҷодгар ба танқиди мунаққидон, алалхусус дӯсташ Ларош тоб наоварда, асарашро аз саҳна мегирад ва месӯзонад. Чайковский аз рӯи сюжети «Ундина» соли 1869 опера меофарад, аммо театр онро напазируфт. Вале операи «Опричник», ки 20 марти соли 1872 эҷод гашту аз замони Иван Грозний ҳикоят мекард, 12 апрели соли 1874 ба саҳна гузошта шуд ва онро тамошобинон хуб пазируфтанд. Опера дар Петербург дар ду мавсим мухлисонро ба худ ҷалб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё