Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аммо ояндаи Станиславский бо театр пайвандӣ доштааст. Вай соли 1888 яке аз роҳбарони Ҷамъияти санъат ва адабиёти шаҳри Маскав интихоб мегардад.

Ҷамъияти санъат ва адабиёт минбаъд ба Театри бадеии Маскав – МХТ табдил меёбад. Созмон додани он соли 1887 ба хаёли Станиславский баъди сӯҳбат бо нависанда ва мунаққид В. Немирович – Данченко мерасад. Дар рафти сӯҳбати тӯлонӣ онҳо ғояи театри тамоман навро муайян месозанд.

Пас аз як сол дар Маскав Театри бадей бо намоишномаи «Шоҳ Фёдор Иоаннович» ба фаъолият пардохт. Дар ибтидо спектаклҳо дар толори хурди иморати шахсии Станиславский, воқеъ дар тангкӯчаи Леонтев, пешкаши мухлисон мешуданд, вале чанде нагузашта театр ба бинои махсуси дар наздикии Тверской бунёдёфта кӯчид.

Заҳмати Станиславский дар рушди санъати театрӣ дар воқеъ беқиёс аст, аммо дар хусуси маҳорати беҳамтои актёрии ӯ сухан нарондан ҳам мумкин нест. Яке аз нақшҳои хотирмони ӯ – табиб Астров аз «Ваня-амак» ба шумор меравад. О. Л. Книппер - Чехова, ки бо вай якҷоя нақш мебозид, чунин ба ёд овардааст: «...Ба ӯ назар меафканию ба Астров-Станиславский бовар менамой, ки ин дастҳо ниҳолҳо шинондаанд, ба ин чашмҳо бовар менамой, ки онҳо на танҳо имрӯзро, балки ояндаҳои дурро мебинанд».

Нақшҳои офаридаи ӯ – полковник Вершинин аз «Се хоҳарон», Сатин аз «Дар қаър», княз Иван Шуйский аз «Шоҳ Фёдор Иоаннович», асилзода Абресков аз «Ҷасади зинда» ва ғайра бисёр ҳаётӣ ва таъсирбахш буданд.

Вале шӯҳрати безаволи ҷаҳониро ба Станиславский ҷодаи режиссурӣ овард. Константин Сергеевич усулҳои нав ба нави санъати театриро кашф мекард. Ҳангоми машғулият бо актёрҳо вай назарияи санъати саҳнавиро эҷод намуд, ки маҳаки асосиаш концепсияи ягонагии спектакл ҳамчун асари бадей ба ҳисоб мерафт.

пешина
аз 424
навбатӣ