Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

лекин қапида наметавонӣ». Бо як сухан, дао ин «холигӣ» ё «нестӣ»-ст.

Дар боби чорум омада: «Дао тиҳӣ, вале ҳангоми истифодаи он вай афзун намегардад». Луғати куҳантарини «Ховен» иероглифи «чун»-ро «холӣ, холигӣ, тиҳӣ» шарҳ додааст. Ба воситаи иероглифи чжун (холигӣ дар зарф, зарфи тиҳӣ) даоро ҳамчун «холигӣ»-и мутлақ бояд фаҳмид, ки ҳеҷ гоҳ ҳангоми истифода пур намешавад. «Холигӣ» ин ҳамон нестӣ мебошад, ки аз он дао ҳамаро офаридааст. Ва он дар ин гуфтор шакл гирифта:

«Ҳамаи моддаи гардуни фалак аз ҳастӣ ибтидо мегирад, ҳастӣ бошад аз нестӣ».

Дао на танҳо сарчашмаи ба вуҷудоии дунёст, балки қонуни умумиҷаҳонист. Чи хеле ки Лао-сэй мегӯяд: «Дао ҳамеша дар ҳолати сукут - бефаъолиятист, вале чизе нест, ки вай ба сомон нарасонда бошад»; «ба дао касе фармон дода наметавонад, вай пайваста ба ҳоли хеш аст»; «гузаштан ба тарафи муқобил — роҳи ҳаракати дао, заифӣ — (тарзи) амали дао»; «истода танҳо, вале тағйир намеёбад, ҳар ҷо мегардад, аммо хаста намешавад»; «ба мардум фоида оварданро дӯст медорад, лекин барои манфиат гирифтан намекӯшад».

Оид ба тағйирёбии ҳолатҳо Лао-сэй гуфтааст: «Аё бадбахтӣ! Вай такягоҳи хушбахтист. Аё бахт! Дар ниҳоди он бадбахтӣ нуҳуфта».

Лао-сэй ба тағйирёбии модда баҳои фалсафӣ додааст. Ба ақидаи ӯ модда ба нуқтаи шукуфоӣ расида, баъд хазон мегардад, пир мешавад, мемирад. Ин ҳолатро ба ин тарз ифода кардааст: «Моддаҳо ба камолот расидан пас пир мешаванд». Ба пиндори ӯ ҳам пир, ҳам ҷавон оянда надоранд, дар пеш онҳоро марг интизор аст. Аз ин Лао-сэй ба хулосае омада, принсипи мутлақиятро ба миён партофт ва онро бо ин суханон ифода кард: «Сахтӣ ва тавоноӣ — хизматгорони марг». Ӯ бо тамоми ҳастӣ бар зидди «устуворӣ ва тавоной» сухан меронд, мегуфт, ки ин

пешина
аз 424
навбатӣ