100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
буда метавонад. Бигузор он ҷо «олотҳои гуногун бошанд, онҳоро истифода бурдан лозим нест. Бигузор одамон то охири умр аз манзили хеш дур нараванд. Агарчанде ки заврақ ва чорчарха дошта бошанд, ба онҳо савор нашаванд. Агар зиреҳу яроқ дошта бошанд, онҳоро ба намоиш нагузоранд. Бигузор мардум аз нав гиреҳҳо банданд ва онҳоро ба ҷои хат истифода баранд. Бигузор хӯроки вай болаззат, пироҳанаш зебо, хонааш бароҳат, зиндагиаш хуш бошад. Бигузор сокинони давлатҳои ҳамсоя аз дур ба ҳам бингаранд, чеғи хурӯс ва ак-аки саги ҳамдигарро бишнаванд, вале одамон то пирӣ ва то дами марг бояд ба хонаи ҳамдигар қадам нагузоранд».
Аз рӯи ривоятҳо, вақте ки Лао-сэй шоҳигарии Чжоуро тарк мекард, сардори сарҳадбонон аз ӯ хоҳиш намуд, ки чизе барои кишвараш хотира бимонад. Ва Лао-сэй дастхати рисолаеро бо панҷ ҳазор аломат ба вай бахшид. Ин ҳамон рисолае буд, ки баъдтар бо унвони «Дао дэ сзин» («Роҳи накӯиҳо ва ё Китоб андар нерӯ ва ҳаракат») вориди таърих гашт.
Дар ҳар ду қисми ин рисолаи хурдакак мағзи таълимоти Дао шарҳ ёфтааст. Иероглифи дао аз ду ҳисса иборат аст: «шоу»-сар, «сзоу»- рафтан. Аз ин рӯ мафҳуми асосии ин иероглиф роҳ мебошад, ки бо он одамон қадам мезананд. Вале баъдтар роҳ маънои маҷозӣ гирифт, он ҳамчун қонун, қонуният тавзеҳ мешуд.
Лао-сэй даоро категорияи олии фалсафаи худ ҳисобида ба он на танҳо маънои қонуни умумӣ медод, балки онро сарчашмаи ба вуҷудоии дунё медонист. Ӯ меҳисобид, ки дао «решаи осмон ва замин», «модари кулли мавод» аст ва ҷавҳари ҷаҳон даост. Дар боби якуми таълифоти ӯ омадааст: «Даое, ки бо сухан ифода мегардад, даои ҳамешагӣ нест». Лао-сэй мепиндошт, ки даои ӯ даои доимӣ мебошад ва моҳияти онро бо сухан ифода намудан ғайриимкон аст. Вай намуд надорад, садо намебарорад, бешакл аст ва аз рӯи гуфти Лао-сэй «сӯяш менигарӣ, вале намебинӣ, гӯш меандозӣ, аммо намешунавӣ, медорӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё