Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ӯро дар батнаш 81 сол гирифта гаштааст. Вақте ки таваллуд ёфт, мӯйсараш барфосо буд. Насабаш Лӣ шуд, зеро дар зери дарахти ли (олу) ба дунё омад. Гӯшҳояш дароз бу- данд, аз ин рӯ Эр (гӯш) ном ниҳоданд.

Маълум аст, ки Лао-сзӣ таърихнавис буд, роҳбарии бойго- нии давлатии дарбори Чжоуро бар ӯҳда дошт. Аз омӯхтанҳо, диданҳо ва шуниданҳо оид ба табиат, қонунҳои умумии ҳоди- саҳои табиӣ, пайдоиш ва рушди дунё хулосаҳо мебаровард. Баъдтар Лао-сзӣ онҳоро дар рисолаи машҳураш ҷой кард.

Вай шоҳиди аз сохти ғуломдорӣ ба феодалӣ гузаштан шуд. Лао-сзӣ принсипи пештар вуҷуддоштаро бо танаффур дур ме- андохт. «Дар асоси қоидаҳои ахлоқ» идора намуданро рад кар- да, бо алам мегуфт: «Қоидаҳои ахлоқ — вафодорӣ ва бовариро барҳам мезананд, тухми балво мекоранд».

Аз дари ҳамин ақида ва дидани «заиф шудани давлатдо- рии сулолаи Чжоу» Лао-сзӣ аз хизмати дарбор рафт ва мавқеи «бетарафӣ» гирифта, гӯшаи узлат ихтиёр намуда, танҳо барои худ ҳаёти хушбахтона меҷуст.

Сабақҳои ҳангоми хизмат андӯхтаашро хулоса карда, Лао- сзӣ чунин меҳисобид, ки сабаби дар ҷомеа падид омадани «бал- воҳо» ва «душвории идорасозии ошӯбгарон» дар ниҳоди «таъ- лимот» ва «талабот» нуҳуфтааст.

Лао-сзӣ мепиндошт, ки танҳо он чиз лозим аст, ки ҳоким худаш «талабот надошта бошад» ва он гоҳ халқ табиатан соф- дил мегардад. Барои он ки ба «набудани таълимот» ва «на- доштани талабот» ноил шавем, бояд аз «эҳтироми донишман- дон» даст кашем ва «ба ашёи нодир арзиш нагузорем». Ба тав- ри дигар гӯем, бояд ҳамаи чизҳои барангезандаи талабот ва баҳсҳоро барҳам занем. Лао-сзӣ инро «бароҳандозии сукут» меномид ва мегуфт: «Бароҳандозии сукут ба он меоварад, ки ҳеҷ чиз намемонад, то ки идора шавад».

Аз ин чунин хулоса бармеояд, ки идорасозии идеалӣ ба ақидаи Лао-сзӣ танҳо дар «як кишвари хурдакаки камаҳолӣ»

пешина
аз 424
навбатӣ