100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
100 инсони бузургтарин
мафҳумҳо ба дао хос нестанд ва он чизе, ки хоси дао нест «ба марги нобаҳангом маҳкум аст». «Он чиз аз дао берун, пеш аз вақт мемирад».
Бар зидди ин ақида Лао-сзӣ ақидаи дигарро муқобил гузошт: «Нармӣ ва заифӣ — хизматгорони ҳаёт». Лао-сзӣ тамоми кӯшишашро ба талқини «нармию заифӣ бар сахтию тавоноӣ ғолиб меоянд» бахшид. Ӯ мегуфт: «Ҳамаи модда, алаф ва дарахтон ҳангоми нумӯъ нарму заифанд». Вале онҳо нерӯи бузурги зистан доранд, метавонанд баҳри ҳаёт бар ҳар як қувва, ки рӯ ба пирӣ, ба фано овардааст, ғолиб бароянд. «Дар зери само чизи нарму заифе, монанди об нест, вале вай ба чизи сахту нерӯманд ҳамла меорад ва маҳв месозадаш». Аз ин рӯ таъкид менамуд: «Нарм бар сахт, заиф бар пурзӯр ғолиб меоянд».
Ба ақидаи Лао-сзӣ инсон набояд ба рушди табиии ҳаёт даст занад. «Касе ба он дахл намояд, ноком мегардад, он чиз дорад, аз даст медиҳад. Ана барои чӣ шахси ором оқил асту мағлубнапазир. Вай чизе надорад ва бинобар он чизеро гум намекунад. Шахси саросема бамақсад намерасад. Касе, ки оромона, бе шӯру валвала корро оғоз мебахшад, ҳамеша комёб мегардад». Лао-сзӣ мегуфт: «Ман соҳиби се хазинаам, ки мисли гавҳараки чашм эҳтиёт менамоям: якум, инсондӯстӣ, дуюм, сарфакорӣ ва сеюм ҷуръат намекунам, ки нисбат ба дигарон дар сафи пеш бошам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё