100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
суботкорӣ, устуворӣ, ғаюрӣ, нерӯи тавоноро аз падар, намояндаи ботадбиру корозмудаи соҳаи савдо ба мерос гирифт.
Боре модар дар хоб фариштаеро мебинад. Вай ба модар аз ояндаи тифл мужда мерасонад, ки кӯдаки ӯ муғаннии бузурге хоҳад шуд. Падар низ ин хобро тасдиқ мекард. Антонио, ки аз камистеъдодии Карло, писари калонӣ, рӯҳшикаста шуда буд, ҷомаи амал пӯшидани тамоми орзуҳояшро дар симои фарзанди хурдӣ медид. Аз ин рӯ варо маҷбур мекард, ки лаҳзае бекор нашинад, скрипка навозад. Бинобар он Никколо овони бофароғати бачагӣ надошт. Вай аз он давра танҳо машқи бардавом, машқи дилбазан ва торҳои скрипкаро ба ёд меоварду бас. Табиат ба Никколо мӯъҷизае тӯҳфа намуд, ҳисси шунавоии басо нозуку латифро. Писарак дар ботини хеш дунёи рангорангеро кашф намуд. Вай мекӯшид ҳамин дунёи зебои ботинии худро ба воситаи асбобҳои мусиқӣ – мандолина, гитара ва скрипкаи хурдакак – бозичаи дӯстдошта ва ҳам азиятдиҳандааш, ки бо мурури вақт ба як қисми ҷудонопазири ҷисму рӯҳаш табдил ёфт, ифшо созад.
Чашмони тезу гирои падар барвақт истеъдоди фавқулоддаи Никколоро нисбати мусиқӣ пайхас намуда буданд. Вай бо хушнудӣ ҳис мекард, ки истеъдоди писар лаҳза ба лаҳза рӯ мезанад ва ҳамакнун ба воқеӣ будани хоби дидаи завҷааш эътимодаш қавитар мегашт, бовар дошт, ки шӯҳрати Никколо оламгир мешавад ва ӯ ба волидайн пули зиёд, хеле ва хеле зиёд меорад. Барои ин вай бояд маҳораташро сайқал медод. Никколоро падар дар ганҷур қулф мекард, то ки дар торикӣ ба дигар чизу ҳодисаҳо диққат надода, танҳо ба навохтани скрипка шуғл варзад. Агар кам менавохт, ҷазо медоданд, аз хӯрок, ки як бурда нон буд, маҳрум мешуд. Машқи зиёд ба саломатии Паганинӣ зарар кард. Вай дар тӯли зиндагиаш бисёр бемор мешуд ва инро натиҷаи ҳамон машаққатҳои зиёди давраи наврасиаш дар хонаи торику заҳ медонист.
Нахустин ва ҷиддитарин устоди Паганинӣ шоир, скрипканавоз ва бастакори генуявӣ Франческо Негро буд. Бо ёрии ӯ Никколо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё