100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
бисёр нозукиҳои олами санъатро омӯхт ва аз ҳаштсолагӣ ба эҷоди сонатаҳо ва вариатсияҳои мураккаб пардохт.
Оҳиста-оҳиста шӯҳрати навозандаи наврас дар шаҳр паҳн гашт ва ба Паганинӣ нахуст скрипканавози капеллаи калисои ҷомеи Сан-Лоренсо Ҷакомо Коста назари илтифот андохт ва ӯро ба шогирдӣ пазируфт. Сабақ ҳафтае як маротиба сурат мегирифт ва қариб ним сол Коста рушди навозандагии Пагани-ниро назорат кард ва анъанаҳои касбиро омӯзонд.
Пас аз машғулиятҳо бо Коста Паганинӣ бо боварӣ ба саҳ-наи калон қадам зад. Ҳаёти саҳнавии ӯ соли 1794 оғоз ёфт. Дар ҳамин айём санъатвари лаҳистонӣ Август Дурановский дар Генуя концерт медод. Шиносоӣ бо ӯ ва бо маркиз Ҷанкарло ди Негро ба Паганинӣ дар сайқал ёфтани маҳорату истеъдодаш такони зӯре бахшид. Санъаткор ва муғаннии мумтоз Гаспаро Гиретτӣ назокатҳои техникии бастакориро омӯзонд. Ду концер-ти Паганинӣ дар Парм бо комёбии муғаннии ҷавон анҷом ёфт. Ҳерсог Фердинанд Бурбонский ӯро ба дарбор хонд ва аз оҳан-гҳои навохтаи Паганинӣ ҷаҳон-ҷаҳон лаззат гирифт.
Падари Никколо фаҳмид, ки акнун вақту соати пули калон кор кардан расид. Вай концертҳои писарашро дар Итолиёи Шимолӣ созмон дод. Баромади Паганинӣ дар Флоренсия, Пиза, Ливорно, Болоне ва Милан бароиш шӯҳрати зиёд овард. Вақте ки ба ӯ ҷойи скрипканавози якумро дар шаҳри Лукка пешниҳод намуданд, онро бо хушнудӣ пазируфт. Вай бо тамоми ҳастӣ ба эҷоди оҳангҳо саргарм мешавад ва дар ҳамин айёми болора-вии шӯҳрат пойбанди ишқ мегардад. Ишқи аввал ӯро чунон мепечонад, ки се сол номаш дар овезаҳои концертӣ сабт наме-ёбад. Паганинӣ дар ин муддат ба чӣ кор шуғл меварзид, касе намедонад, худаш ҳам ба ёд овардани он солҳоро дӯст наме-дошт. Мегуфт, ки бо корҳои кишоварзӣ банд буд.
Охири соли 1804 дӯстдори скрипка ба ватан, ба Генуя бозомад ва даст ба эҷоди оҳангҳо зад. Аммо ин дер давом накард. Паганинӣ боз ба Лукка бармегардад, муғаннӣ ва дирижёри оркестри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё