Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҳадде васеъ намуд, ки то ба имрӯз шигифтангез аст. Усулҳои навозиши ҳайратоварро истифода бурд, дар навохтани оҳанг мумтоз буд, ба шунавандагон завқи беандоза мебахшид, дар саҳна бо ишқи ҷунуниаш ба санъат шӯру шарар меангехт ва чун «сеҳргар» қалби ҳазорон нафарро тасхир мекард.
«Маҳорати навозандагии ӯ ба тасаввуроти одамӣ намегунҷид», - навишта буд бастакори шӯҳратманд Феликс Менделсон Бартолди.

Бастакори машҳур Роберт Шуман баъди бори нахуст шунидани садои скрипкаи Паганинӣ чунин сатрҳоро рӯи варақ овард: «Ман гумон доштам, ки ӯ ҳоло бо садои баланд оҳанг менавозад. Ва ана ӯ ба навохтан пардохт, аммо садои оҳанг басо нозук ва ором буд. Вақте ки вай ноаён, бо як сабукӣ тӯри ҳушрабояшро ба аҳли толор меафканд, одамон беихтиёр алвонҷ мехӯрданд. Ва ана доираи сеҳрноки оҳанг ҳамаро фаро мегирад; одамон ба ҳамдигар бештар ҷафс мешаванд, ҳиссиёти онҳо яке гашта ба вулқони хурӯшоянда мубаддал мегардад».

Паганинӣ, бастакор ва ромишгари чирадаст, яке аз нахустин намояндагони ҷараёни ҷадид, мусиқии романтикӣ, буд ва на танҳо ба санъати скрипканавозӣ, балки ба эҷодиёти Ф. Лист, Ф. Шопен, Р. Шуман, Г. Берлиоз, Ҷ. Россинӣ ва дигар муғанниёни то замони мо таъсири носутурдание гузоштааст.

Дур аз дарборҳо, дар яке аз маҳаллаҳои камбағали Генуя, дар паскӯчаи ба ном Гурбаи сиёҳ, 27 октябри соли 1782 дар оилаи Антонио Паганинӣ ва Тереза Боччардо писарчаи дуюм — Никколо ба дунёи рӯшан омад. Тифл бемадору дардманд буд.
Ҳиссиёти нафис ва дақиқро аз модар, зани раҳмдилу пурваҷд;

пешина
аз 424
навбатӣ