100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
шуд. Ҷангҳои ғосибонаи Наполеон вусъат мегирифтанд. Ана дар ҳамин давра мавзӯи қаҳрамонӣ, мубориза баҳри озодӣ, драматизми задухӯрдҳои ҳаётӣ, ошӯбҳои мардумӣ ба эҷодиёти Бетховен роҳ ёфтанд.
Симфонияи нӯҳум, ки соли 1824 эҷод шуд, аз рӯи гуфти санъатшиносон қуллаи эҷодии бастакор ба ҳисоб меравад. Вақте ки онро дар театри Веена навохтанд, аҳли толор аз шуниданаш ба ваҷд омада чапаки пурмавҷи давомдор зад. Аммо бастакор на симфонияашро мешуниду на таҳсину офарингӯйҳо ва чапакзаниҳоро.
Ҳаёти шахсии бастакор бошад, шакли дуруст нагирифт. Ҳарчанд дар байни занон дӯстони зиёде дошт, арӯси табъи дилро пайдо накард. Ровиёни ахбор овардаанд, ки бо Тереза Брунсвик бастакор робитай маҳрамона дошт, вале асрори муносибати онҳо то ба имрӯз махфӣ мондааст. Ҳаминаш равшан аст, ки ин бону то охири умр ба Бетховен, ки 26 марти соли 1826 аз олам гузашт, содиқ буд.
Бетховен ҳеҷ гоҳ аз офаридаҳояш қаноатманд намешуд, ҳамеша пеш мерафт, дар ҷустуҷӯ ва пажӯҳиш буд, аз ин рӯ аз замонааш хеле пеш рафт. Оҳангҳояш сарчашмаи илҳоми эҷодагорони минбаъда буданд ва ҳамин тавр ҳам мемонанд.
Никколо Паганини
(Солҳои зиндагиаш 1782-1840)
Паганини ба таърихи мусиқӣ ҳамчун навозандаи беҳамтои скрипка дар ҳамаи давру замонҳо ва халқҳо ворид шудааст. Ҳанӯз ҳангоми дар ҳаёт буданаш дар ҳақи ӯ афсонаҳои зиёде бофта буданд. Вай имконияти оҳангнавозии асбобро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё