100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Архимед соли 287-и то милод дар шаҳрчаи юнонии Сиракуза ба дунё омада, қариб тамоми умр дар он ҷо зистааст. Падараш Фидий, ситорашиноси дарбори ҳокими шаҳри Гиерона будааст. Архимед чун анъана ба мисли дигар олимони Юнони Қадим дар Искандария, ки ба он ҷо шоҳони Миср Птолемейҳо беҳтарин олимону мутафаккиронро гирд оварда, китобхонаи бузургтарини дунёро асос гузошта буданд, таълиму тадрис гирифт.
Пас аз таҳсил Архимед аз Искандария ба Сиракуза баргашт ва вазифаи падарашро соҳиб гардид.
Архимед боигарӣ ва шӯҳрати Сиракузаро афзунӣ бахшид. Ихтироъҳои ӯ тарзи зиндагӣ ва заҳмати тоқатфарсои мардумро осон мекарданд. «Китоби такя»-и Архимед чашми бинокоронро ба бисёр масъалаҳои сохтмонӣ кушод. Вай ҳисобро омӯзонд. Архимед назарияи панҷ механизмро кашф намуд ва дар амал санҷид, ки ҳанӯз дар вақти зинда будани ихтироъкор бо номи «механизмҳои одӣ» шӯҳрат доштанд. Инҳо фишанг, фона, ғарғара, парра ва ғарғараи борбардор буданд. «Ба ман нуқтаи такяро диҳед, - мегуфт Архимед, - заминро аз ҷояш меҷунбонам».
Ҳамчун олими риёзидон Архимед ба комёбиҳои зиёде ноил гашт: аз ӯ то замони мо 13 рисола расидааст. Ҳамаи асарҳои намоёни илмиашро Архимед пас аз чилсолагиаш навиштааст. Вай ба ҳамаи проблемаи ҷисмонӣ, корҳои вазнини заҳматталаб, дар асоси исботи геометрӣ назар меафканд. Аз ин рӯ Архимедро асосгузори илми физикаи математикӣ номидан мумкин аст. Вай ба ин соҳаи илм рисолаҳои «Оид ба баробарии шаклҳои ҳамвор», «Оид ба ҷисмҳои шинокунанда»-ро бахшидааст.
Дар рисолаи «Оид ба ҷисмҳои шинокунанда», ки аз ду қисм иборат аст, Архимед таълимотро дар хусуси гидростатика инкишоф медиҳад. Вай оид ба таъсири ҷисм ба моеъ ё газ қонуне кашф намуд, ки минбаъд бо номи кошифаш машҳур гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё