100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
сарояндаҳо ва масхарабозон ба ҳузури онҳо даъват мегаштанд, то ки бо ҳунари худ аз симои қаҳрамон ғориғболиро дур афканда, дар чеҳраи зебояш табассумро нигоҳ доранд. Ҳамон табассуми малеҳеро, ки ба шарофати санъати олии рассомии Леонардо ҷовидона дар мусаввара нақш бастааст.»
Соли 1510 дар Флоренция устод мусаввараи «Аннаи авлиё бо Марям ва Исои навзод»-ро анҷом медиҳад. Ботини нурпош, тамкини холисона, қиёфаи зиндадилона ва тарзи истиқболи қаҳрамонҳо бо ҳам мутобиқати шигифтангез дошта, зебоии нотакрори мусаввараро бунёд мегузоранд.
Соли 1513 бо даъвати Ҷулио Медичи Леонардо озими Рим мешавад, баъди чор сол бо хоҳиши шоҳи Франсия Франсиски якум ба қалъаи Клу меояд, ки дар наздикии шаҳрҷаи Амбуаза воқеъ буд. Дар ҳамин қалъаи Клу, ки айни замон дарбори шоҳ ба ҳисоб мерафт, оид ба санъати рассомӣ рисолае иншо намуд. Дастнависҳои ӯ қариб ба 7 ҳазор варақ мерасанд, ки бо забони зиндаи гуфтугӯии итолиёвӣ навишта шудаанд. Леонардо да Винчи дар қалъаи Клу 2 майи соли 1519 ин оламро падруд гуфт. «Рисола оид ба рассомӣ»-аш пас аз вафоташ аз ҷониби шогирдаш Ф.Мелси аз чоп баромад ва дар рушди санъати тасвирӣ саҳми босазое гирифт.
Иоҳанн Себастян Бах
(Солҳои зиндагиаш 1685-1750)
Иоҳанн Себастян Бах намояндаи барҷастаи санъати мусиқии ҷаҳонӣ буда, ҳамчун бастакор ва ҳам навозандаи беҳамтои арғунуну клавесин шинохта шудааст. Мӯҳтавои фалсафӣ ва мундариҷаи баланди ғоявии асарҳои Бах эҷодиёти ӯро дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё