Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

қатори дастовардҳои бузургтарини маданияти дунё гузоштанд. Устоди беназири полифония-серовозӣ-тавонист дастовардҳои санъати мусиқии давраи гузаришро аз барокко ба классицизм умумият бахшида, шоҳасарҳои ҷовидонае биофарад, ки аз замонааш дида ба ояндаҳои дур мутааллиқ буданд.

Бах мувофиқи талаботи ҳамаи жанрҳои мусиқии маъмули замонаш оҳанг навишта ва ҳам барои арғунун, оркестр, хор, клавир-мусиқии опера асарҳо эҷод намудааст. Бештар аз 500 асари ӯ имрӯз ҳам маъруф аст.

Эҷодиёти Бах тамоми ҳиссиёти мухталифи ботини инсонро таҷассум менамояд. Ҳангоми зиндагиаш ӯро ҳамчун навозандаи шаҳири арғунун ва бадеҳасаро мешинохтанд, вале моҳият ва аҳамияти оҳангҳояшро одамон хеле баъдтар дарк сохтанд. Дар ин замон санъати серсадо, ки онро Бах бо тамоми нозукиҳояш медонист, аллакай ҷойи худро ба усули нав-гомофонно-гармонӣ (мусиқии бисёровоза, ки дар зимни он як овоз асосӣ буда, дигар овозҳо ба он ҷӯр карда мешаванд) таслим менамуд. Асарҳои мӯҳташам ва драмавӣ ё лирикии вокалӣ-оркестрӣ зери сояи операи итолиёвии бо суръат шӯҳратгиранда мемонданд. Ҳамзамонон ҳамин тавр надониста монданд, ки асарҳои арғунуннавози соҳири калисо ва муғаннии дарбор кашфиёти барҷаста дар олами мусиқӣ буданд.

Танҳо дар соли 1829, вақте ки Ф. Менделсон дар Берлин «Машаққати Матфей»-и Бахро иҷро намуд, асарҳои бастакор шӯҳратёр гаштанд. Минбаъд асарҳои бузурги вокалӣ-оркестрии Бах дар толорҳои консертии мӯҳташами Аврупо ва сипас тамоми ҷаҳон садо дода, муттасил таваҷҷӯҳи шунавандагонро бо андешаҳои жарфосои фалсафӣ ба худ мекашиданд. Андешаҳои

пешина
аз 424
навбатӣ