100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ҳам вақти зиёд сарф намояд. Ӯ ба сифати меъмор низ дар Милан чандин бино сохт, барои ояндагон аз худ бисёр лоиҳаҳо ва нақшаҳо ба мерос гузошт.
Ҳамон солҳо Леонардо ба омӯхтани анатомия — сохти бадани одам шавқу рағбати зиёд зоҳир кард. Ӯ бо олим — донандаи маъруфи илми ташреҳ Марко Антонио делла Торре риштаи дӯстӣ пайваст. Олим китобе оид ба сохти бадани инсонро ба чоп расонд, ки суратҳояш ба Леонардо мутааллиқ буданд.
Расмҳои бо қалам кашидаи ӯ бинандаро ба ҳайрат меоварданд, зеро ҳар як узви хурдтарини бадани инсон хеле табиӣ офарида шуда буд.
Соли 1485 эҷоди мусаввараи «Олиҳа Литта» тавассути мӯқалами суратгар анҷом пазируфт, ки он яке аз тасвирҳои шоиронаест дар даврони эҳёи санъат.
Дар байни солҳои 1483 -1494 Леонардо яке аз мусаввараҳои беҳтаринаш «Олиҳа дар байни шахҳо»-ро пешкаши ҳаводорони санъати тасвирӣ намуд. Аз тарзи эҷоди ин асар бармеояд, ки анъанаҳои кӯҳнаи расмкашии то асри XV аз байн мераванд, сабки тозае ба миён меояд. Қисмҳое, ки маънии мушаххас доштанд ва ҳам хислатҳои тунду тезӣ ҷой ба мафҳуми умумӣ ва нармӣ медиҳанд. Сохти мусаввара ба кас оромӣ мебахшид, ягон чиз боиси шиддат ёфтани торҳои асаб намешавад. Дар қисми болоии мусаввара Олиҳа, дар поён таъмидкунанда бо фариштаҳо тасвир ёфтаанд, ки Исои навзодро бо эҳтиёт нигоҳ медоранд. Табиат низ аз ҷониби Леонардо тамоман ба дигар шакл тасвир ёфтааст. Бори нахуст дар соҳаи санъати рассомии асри XV одамон на берун аз табиат, балки дар оғӯши он тасвир шудаанд. Табиат ва одамон умумияти том доранд ва аз ҳам ҷудо будани онҳо ҳеҷ мумкин нест, чунин маъно бармеояд аз мусаввара.
Соли 1503 Леонардо сурати Мона Лиза, завҷаи Франческо
Ҷокондо, флорентии дороро офарид. Аз рӯи гуфти Вазари «Ҳангоми кашидани сурати Мона Лиза бо хоҳиши рассом муғанниҳо,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё