100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Дар Бонн фалсафа Карлро ба худ кашид ва ӯ ба иштирокчии ҳамешагии семинари профессор Ругге мубаддал гардид. Вақте ки барои нуқтаи назари прогрессивӣ профессорро аз кафедраи фалсафа маҳрум сохтанд, Маркс соли 1836 ба Берлин омад ва ҳамон сол бо Женни фон Вестфален фотиҳа шуд.
Чор соли таҳсил дар донишгоҳ барои Карл солҳои ғайриоддии заҳмати бошиддат, ҷустуҷӯи ҳамешагӣ, фаъолияти бо ҷӯшу хурӯши ақл буд. Моҳи апрели соли 1842 Маркс оид ба фарқи байни фалсафаи натуралии Демокрит ва фалсафаи натуралии Эпикур диссертатсияи илмӣ дифоъ намуда, ба унвони доктори илми фалсафа ноил гашт. Вале ҳамаи дарҳои донишгоҳҳои Пруссияи иртиҷоӣ ба рӯи ин олими равшанфикр баста буданд.
Нахуст ӯ мафтуни фалсафаи Кант ва Фихте буд, баъдтар ҷонибдори фалсафаи Гегел шуд. Ба ғайр аз таълимоти фалсафии гегелӣ Маркси ҷавон дилбохтаи фалсафаи Фейербах, назарияи иқтисодии Адам Смит ва Давид Рикардо, таълимоти сотсиалистии дар он замон машҳури Сен-Симон, Фурье, Оуэн, Кабе, Дезами, Вейтлинг ва дигарон буд.
Солҳои 40-уми асри 19 дар Олмон ҳаракати демократӣ авҷ гирифт ва Карли 24-сола аввал ходими адабӣ, баъдтар сармуҳаррири «Рӯзномаи Рейн»-и демократӣ мешавад, ки он дар шаҳри Кёлн ба табъ мерасид.
Дар мақолаҳояш Маркс рӯирост синфи мазлумро ҷонибдор буду сохти давлатдории иртиҷоиро зери тозиёнаи танқиди шадид қарор медод. Обрӯю астари дороёни азим ва помешикҳоро сахт чаппаву роста карда меафшонд.
Ҳукумати Пруссия фаъолияти рӯзномаро ба манфиати давлат зараровар пиндошта, чопашро манъ кард. Маркс маҷбур шуд, ки Пруссияро тарк намояд.
Соли 1843 Женни фон Вестфален завҷаи Маркс шуд ва охири ҳамон сол онҳо дар Париж муқимӣ гаштанд. Дар ин ҷо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё