Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

олими итолиёвӣ ба кашфиётҳои тозаи илмӣ соҳиб гаштааст. Эҷодиёти Галилей асосан механика ва астрономияро дар бар мегирад ва бо он ки ба моҳияти ҳодисаҳо ба таври амиқ фурӯ меравад, аз эҷоди дигар олимон фарқ карда меистад. Аз ин рӯ Галилейро бо маънои имрӯзааш асосгузори илми физика метавон гуфт. Вай асоси механикаи замонавиро бунёд гузошт: ғояи нисбияти ҳаракатро пешниҳод намуд, қонунҳои инерсия, ҳаракату озодафтии ҷисм ва сохти ҳаракатро муайян кард.

Галилео Галилей 15 феврали соли 1564 дар шаҳри Пизаи Итолиё, дар оилаи асилзодагони муфлисшуда ба дунё омадааст. Падараш Винченсо Галилей навозандаи моҳир ва оҳангсози бомаҳорате будӣ. Вале санъат барои пешбурди зиндагӣ кӯмаки казоие намерасонд ва падари олими оянда маҷбур мешуд, ки ба фурӯши моҳут даст занад.

Дар солҳои наврасӣ Галилей ба кашидани нақшаи ҳар гуна бозичаҳои механикӣ завқ дошт, мошинчаҳо, осиёб ва киштичаҳо месохт. То ёздаҳсолагиаш дар Пиза зист ва дар мактаби муқаррарӣ хонд, баъдтар онҳо ба Флоренсия кӯчиданд. Дар ин ҷо дар дайри мардона ба омӯзиши грамматика, арифметика, риторика ва дигар фанҳо идома бахшид.

Дар ҳабдаҳсолагиаш Галилей ба донишгоҳи Пиза шомил гашта, мехост табиб шавад. Ҷавони донишписанд ки буд, дар вақтҳои фароғатӣ асарҳои оид ба математикаю механика, алалхусус осори Уқлидусу Архимедро мутолиа мекард. Баъдтар пайваста мегуфт, ки Архимед устоди маънавиаш аст.

Аз сабаби тангдастии волидайн Галилей донишгоҳро тарк сохта, ба Флоренсия бармегардад. Шабҳо пас аз кори хона ба омӯзиши мукаммали математикаю физика мепардохт. Ин фанҳо ҳамеша завқу рағбаташро меоварданд. Соли 1586 ӯ нахустин кори илмиашро навишт. Мақола «Тарозуҳои хурди гидростатикӣ» унвон дошт ва ба муаллиф, каме ҳам бошад, шӯҳрат овард. Пас аз чопи мақола бо чанд нафар олим шиносӣ пайдо намуд. Бо дастгирии яке аз онҳо, муаллифи «Китоби дарсии

пешина
аз 424
навбатӣ