Зеҳн
Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Бузичаву баррачаи гумшударо ёбам, мехӯраму шикамамро сер карда бармегардам.
Агар бузичаву баррача ҳамроҳонашонро пурсанд, «наёфтам мегӯям», - аз дил гузаронд гург.

Гурги ланг аз гуруснагӣ беҳолу аз роҳравӣ бемадор шуда, рӯйи сабза нишастанӣ буд, ки сангпуште аз зери як бутта садо баровард:

  • Эй гурги ланги нобакор, сабзаҳоро зери по накун! Ҳар ҷо, ки пойи ту расад, он ҷо хун мерезаду нооромӣ мешавад.

  • Эй сангпушти танбалу хоболуд, чӣ дод мезанӣ?
    Худам аз гуруснагӣ мурда истодаам. Ягон хӯрдание дошта бошӣ, биёр, - гуфт гурги ланг.

  • Аз хӯрданӣ фақат алаф дорам, - гуфт сангпушт ва таҳқиркунон хандида илова кард:

  • Агар хоҳӣ, алаф диҳам.

  • Алафатро ба сарат зан! - овозашро
    баланд карда гуфт гург ва аз ҷояш хеста
    роҳашро давом дод.
    Сангпушт аз паси гурги ланг нигоҳ
    карда:

  • Ҳар кӣ бадрафтор шуд, оқибат хор шуд, -
    гуфт.

Гурги ланг дар роҳ аккаро дид. Акка гургро диду овоз бароварда шақ - шақ кард.

  • Эй аккаи думдарози беодоб, чаро шақшақ мекунӣ? Магар намебинӣ ман беҳолу бемадорам, хубаш гӯй, ки дар ҳамин гирду атроф бузичаву баррачаи фарбеҳакро дидӣ?
  • Ту, гурги нобакор, фақат таъна задану айб карданро медонӣ. Ҳеҷ надидам, ки ту некӣ кардаву нек гуфта бошӣ, - оташин шуд акка ва мақоли зеринро илова кард: «Бадгуфтор - шармандаву шармсор!»

Гург боз пештар рафта, хоктӯдаи баландеро дид.

  • Чор тарафи хоктӯда ҳамвор, ба болояш баромада ба атрофаш менигарам, шояд бузичаву баррачаи гумшударо бубинам, - гуфта бо ранҷу азоби хеле зиёд ба болои хоктӯда баромада ба атроф
пешина
аз 23
навбатӣ