Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа
Болта Насриев соли 1928 дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валии вилояти Самарқанд ба дунё омада, таҳ-силоти худро дар шаҳрҳои Самарқанду Душанбе гирифта, фаъолияти кориашро ҳамчун омӯзгори мактаби таҳсилоти
миёна аз фанни забон ва адабиёт оғоз намудааст. Солҳои тӯлонӣ дар соҳаи табъу нашр фаъолият намуда, дар нашриётҳои «Ирфон», «Маориф», «Адиб» ва Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Болта Насриев соли 2007 дар шаҳри Душанбе аз олам гузаштааст...
Хонандагон бо китобчаҳои рангину аҷоиби ӯ бо номи «Оча ва зоча», «Ҷӯдоиро набинем» ошно мебошанд. Як маҷмӯаи ғазалҳои ӯ бо номи «Исёни дил» ва қиссаи воқеии «Азоби гӯр» низ мунташир гарди-дааст.
Бачаҳои азиз! Умедворем, ки ин маҷмӯаи афсонаю шеър ва чистонҳо, ки дар даст доред, мавриди писанди шумо қарор хоҳад гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё