Зеҳн
Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Мӯъаммоча

Дурӯғро ёбед!

Салим ба Ёдгор худро таъриф кард. Вай гуфт:

  • Ин ҳодиса дар арафаи Соли Нав рӯй дод. Ҳамсоямон аз ман хоҳиш кард, ки ҳар замон хонаашонро хабар бигирам. Он шаб ҳамсоя ба меҳмонӣ рафта буд. Қисса кӯтоҳ, ба ҳавлии ҳамсоя даромадам, ки чароғи хона фурӯзон аст. Оҳиста рафтаму аз шишаи тиреза ба хона нигоҳ кардаnī шудам. Шиша ях баста буд. Бо нохун яхи шишаро тарошида...
    Ҳикояти Салим ба ин ҷо расида буд, ки Ёдгор гуфт:
  • Кифоя, давом надеҳ, ту аллакай дурӯғ гуфтӣ!
    Салим, албатта, қасам хӯрд. Вале Ёдгор ба ҳарфи ӯ дигар гӯш надод.

Бачаҳои азиз!
Оё шумо гуфта метавонед, ки Салим чӣ дурӯғ гуфт?

Панҷ тафовутро ёбед!

Саволак

Парасту дар моҳи апрел се
дона тухм гузошт. Агар парасту
дар моҳи октябр ва 24 декабр
сетой тухм гузорад, соҳиби
чанд ҷӯҷа мешавад?

Ҳарфёбаки «Т» ва «С»

  1. Вилояте, ки дар он Абулқосим Фирдавсӣ таваллуд шудааст. 2. Боигарӣ. 3. Ҳолати инсон. 4. Сират ва ...
  2. Муайян кардани беморӣ.
  3. «Варзиш» ба забони русӣ.
  4. Паррандаи зебо.
  5. Мутазоди калимаи «нарм».

Латифа

Муаллим аз шогирдаш пурсид:

  • Наботот чист?
  • Ҳар чизеро, ки аз набот мепазанд, наботот аст, - ҷавоб дод шогирдаш.

Муаммои «Гулҳо»

Табибе аз се намуди гулҳо дору тайёр кард. Доруи тайёршударо ба қуттиҳо ҷо намуд. Оё ту гуфта метавонӣ, ки табиб доруи тайёршудаи кадом гулро ба кадом қуттӣ гузошт? Ту инро чӣ тавр фаҳмидӣ?

Муаммо

Китӣ кабуде дар уқёнус мурд. Ҷасади вай пӯсид. Аммо даррандагони баҳрӣ онро нӯши ҷон карданд.

Бачаҳо, ба фикри шумо дар ин матн чӣ ғалат аст?

пешина
аз 23
навбатӣ