Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Зеро, шиори асосии вай он буд, ки «Ҳақро ба мардон нашинос, балки ҳақро бишинос то аҳли онро бишиносӣ». Ба қавли Ҷалол Ҳумой бо «мухолифони маслаки хеш аз соир тавоифи аҳли суннат ва мӯътазила ва равофиз ва ботиния ва ҳамчунин ҳукамо ва фалосифа ва пайравони Масеҳ ва дигармилали олам муҷодилаи забонӣ ва қаламӣ дошт. Як тана бо як дунё мухолиф меҷангид ва ба восиtai маҳорати фавқуллодае, ки дар кор дошт ҳама ҷо фатҳу пирӯзӣ насиби ӯ мешуд. Арбоби мазоҳиб умуман аз нерӯи баён ва қаламаш забуну ночиз мемонданд. Аз ин ҷиҳат ба «Ҳуҷҷатулислом» мулаққаб гардид».¹
Ҳамин роҳу равиши ин бузургмард буд, ки тамоми донишандузӣ, фиkру зикр ва тавоноии хешро ба «ифозати илм ба нашри шариат» бахшид ва дар эҳёи илмҳои динии ислом хизмати бузургеро анҷом дод, ки дар рӯзгори вай ва то ба имрӯз ҳеҷ олим ва донишваре анҷом надодааст.
Ин рисолати таърихие буд, ки онро Ғаззолӣ бояд иҷро мекард, зеро мутобиқи ҳадиси Пайғамбари ислом: «Ва ан Абиҳурайра, разия-л-Лоҳу анҳу, қола: Қола Расулуллоҳи, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам: «Инналлоҳа, азза ва ҷалла, ябъасу биҳозиҳи-л-уммати ало раъси кулли миати санатин ман юҷаддиду лаҳо динаҳо». (Равоҳу Абудовуд).
Аз Абуҳурайра, разия-л-Лоҳу анҳу, ривоят шудааст, ки гуфт: «Гуфт Расулуллоҳ, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ки ба дурустӣ, ки Худованди бузург ва олиқадр мефиристад аз барои ин уммат, яъне уммати Муҳаммад, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, бар сари ҳар сад сол шахсеро, ки таҷдид мекунад аз барои ҳамин уммат динро».
¹ Ҳумой Ҷалол. Ғаззолинома. Шарҳи ҳолу осор ва акоиду афкори фалсафии имом Абуҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Аҳмад Ғаззолии Тӯсӣ. Чопхонаи Маҷлис. – Теҳрон. 1318ҳ.қ. – С. 110.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё