Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ба ибораи дигар дар оғози ҳар қарне дар ҷаҳони ислом эҳёгаре бояд зуҳур намояд, ки ба дини мубин ҷони тоза бахшад. Аз ин лиҳоз, Ҳуҷҷатулисломро эҳёгари қарни панҷуми ҳиҷрӣ донистаанд ва ба қавли Тоҷиддин Абунаср Абдулваҳҳоби Субкӣ (727-771ҳ./1327-1370м.): «Агар баъд аз Муҳаммад, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, имкони зуҳури пайғамбар мебуд, ин воқеан Ғаззо- лӣ буд»2. Ва ба қавли донишманде чун Ҳоҷӣ Халифа дар «Кашфу-з-зунун»: «Агар Ғаззолӣ иддаои нубувват мекард, мӯъҷизаашро китоби «ал-Ваҷиз» кофӣ буд»3. Дар иртибот ба ин муҳаққиқи бузурги аврупоӣ Монтегоморӣ В. менигорад: «Ғаззолӣ гоҳе ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб ба унвони бузургтарин шахсияти мусул- мон пас аз ҳазрати Муҳаммад, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, шинохта шуд ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон гуфт, ки ӯ шоистагии ин мақоми эҳтиромомезро надошта аст»4.
Ин суханони холӣ аз ҳақиқат ва пургазоф набуда, воқеияти таърихӣ доранд, чунки Ғаззолӣ дар асл яке аз бузургтарин ва беҳамтотарин уламои олами ислом иҳо- та бар ҳамаи риштаҳои маорифи исломӣ буд, ки ақои- даш дар таърихи инқилоби фикри башар мавқеи азим пайдо намуд. Ва «афкори наву тозаи ӯ дар улуми мута- довилаи (маъмул, расмшуда - А.Ш.) он замон ҳамчун фиқҳу ҳадис ва калому фалсафа инқилоби азим эҷод
1 Шайх Валиюддин Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ал-Хатиб ал-Ума- рияти Табрезӣ. Мишкоту-л-масобеҳ. Вазорати матбуоти Санкт-Пе- тербург. 1898 мелоди. Мутобиқ ба 1315 ҳ.қ. -С. 51.
2 Субкӣ Тоҷиддин Абунаср Абдулваҳҳоби Тақиюддин. Табақо- ту-ш-шофей ал-кубро. - Қоҳира. 1905-1906. Ҷ. 4. -С. 101.
- Ҳоҷӣ Халифа. Кашфу-з-зунун. Ҷ.2. - Теҳрон, 1357. -С. 635.
- Montgomery Watt. The Faith and practice Al-gazali. London, 1953. -C. 14.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё