Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ин нобиғаи илм тавонист ба калому ирфон ва дар маҷмӯъ ба ислом таровати тоза диҳад ва бо нерӯи далели бурҳон мавқеи динро мустаҳкам сохта, эътибору мақоми кишвари хешро бо тафаккури малакутиву ҷовидонааш дар байни мамолики дунё баланд бардорад. Ӯ дар «ҷаҳони дониш ва дурандешӣ аз ҷумлаи бузургтарин номварони бархӯрдор аз андешаи инсонӣ аст, мутафаккири ворастае аст, ки дар миёни мардуми рӯзгор ба болотарин пойдори андеша роҳ ёфта аст»1.

Аз ин рӯ, дар тамоми асру замон донишмандон ба бузургии азамати илми маърифати вай қоил буданд. Дар «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ аз Имод Зузанӣ ном шоире омадааст:

Хирадро душ мегуфтам, ки ин кӯҳна ҷаҳон то кай,
Шуд аз гавгои шайтон рӯзи савдои ҳаво холӣ.
Хирад гуфто: аҷаб дорам, ки медониву мепурсӣ,
Ба аҳди илми Ғаззолӣ, ба аҳди илми Ғаззолӣ.

Ё ин ки Шайх Аттор фармудааст:

Садре, ки зи илми олами аллом аст,
Дар кулли ҷаҳон ягонаи айём аст.
К-они гуҳари олами ҷон Ғаззолӣ,
Дарёи улум Ҳуҷҷатулислом аст.

Ғаззолӣ рӯҳу андешаи пуршуру бесозгори интиқодӣ дошт, ки қабл аз он ки ба неши қалам ба фикре даровезад, дар хусуси он ҳатто солҳо мутолиа мекард ва дар сурати итминон ҳосил намудан бо тамоми қуввати он ва эътиқоди хеш ба мухолифати он ақида бармехост.

1 Хидевҷам Ҳусайн. Сухане аз мусахҳеҳ//Ғаззолӣ Муҳаммад. Эҳёу улуми-д-дин. Тарҷумаи МуаййидДин Муҳаммад Хоразмӣ. Ба кӯшиши Ҳусайн Хидевҷам. - Техрон, 1357. – С. 18.

пешина
аз 567
навбатӣ