Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ҳайҳот, ки ҷоҳилро ба кибари син ҷуз ҷаҳл зиёдат нашавад. Ва илм самараи ақл аст ва он ғаризатест, ки пирӣ дар он таъсир накунад. Ва касе, ки ғаризати ӯ хумк бошад, дарозии муддат ҳамоқати ӯро муаккад кунад. Ва пирон ҷавононро ба илм тақдим кардандӣ.
Ва Умар Ибни Аббосро, [бо он ки ҷавон буд], бар акобири саҳоба — разия-л-Лоҳу анҳум — муқаддам доштӣ ва ба суол махсус гардонидӣ. Ва Ибни Аббос гуфт: «Мо отал-Лоҳу абдаҳу илман илло шоббан ва-л-хайру куллуҳу фи-ш-шабоби». Ай, Ҳаққ таъоло бандаи худро илм надод магар дар ҷавонӣ ва ҳамаи некӣ дар ҷавонӣ аст. [245] Пас, ин оят бихонд: «Қолу самиъно фатан язкуруҳум юқолу лаҳу Иброҳим»1. Ва ояти дигар: «Иннаҳум фитятун оману бираббиҳим»2. Ва ояти дигар: «Ва отайноҳу-л-ҳукма сабия»3.
Ва Анас гуфтӣ, ки [Пайғомбар] ба риёзи кудс интиқол фармуд ва дар маҳосин ва сари ӯ бист мӯйи сапед набуд. Гуфтанд: «Чаро? Ки Пайғомбарро кибари син ҳосил шуда буд». Гуфт: «Ҳаққ таъоло вайро ба пирӣ маъюб нагардонид». Гуфтанд: «Пирӣ айб бошад?» Гуфт: «На, шумо ҳама онро қароҳият медоред!».
Ва гуфтаанд, ки Яҳёи Аксам бисту яксола буд, ки мутақаллиди қазо шуд. Ва марде хост, ки вайро ба сиғари син ҳиҷил гардонад, пурсид, ки сини қозиюлкузот — айядаҳу-л-Лоҳ — чанд аст? Гуфт: «Мисли сини Аттоби Асид аст, дар он ҳол ки Пайғомбар вайро аморат ва қазои Макка фармуд». Ва он мард бад-ин сухан муфҳам шуд4.
Ва ривоят кардаанд, ки Молик гуфт: «Дар баъзе аз кутуб хондаам, ки ба риш фирефта машавед, ки он бузро ҳам ҳаст». Ва Бӯамри Ало гуфт: «Чун дарозболо, хурдсар, паҳнришро бинӣ, ҳукм кун, ки аҳмақ аст, агарчи Умайя Абдушамс бошад».
Айюби Сахтиёнӣ гуфт, ки пири ҳаштодсоларо дидам, ки мутобаати кӯдаке мекард ва аз вай чизе меомӯхт. Ва Алӣ [ибни Ҳусайн] гуфт – разия-л-Лоҳу анҳумо – «Ҳар кӣ илм беш аз ту омӯхтааст, ӯ дар он муктадои ту аст». Ва Бӯамри Алоро пурсиданд, ки аз пир хуб ояд, ки аз кӯдаке биёмӯзад? Гуфт: «Агар нодонӣ аз вай зишт бошад, тааллум хуб бувад». Ва Аҳмади Ҳанбал мутобаати Шофеъӣ мекард ва дар паси устури вай мерафт, Яҳёи Муин вайро гуфт: «Ҳадиси Суфёнро1 – бо он чӣ дар ғояти улув аст – бигзоштай ва дар паси устури ин ҷавон меравӣ ва аз вай истимоъ мекунӣ?». Аҳмад гуфт: «Агар бишинӣ, аз ҷониби дигар ту бошӣ, илми Суфён агар ба исноде олитар аз ман фавт шавад, ба исноде нозилтар биёбам ва агар ақли ин ҷавон аз ман фавт шавад, на олитар ёбам, на нозилтар».
Чаҳорум натфи сапедии он аст ба сабаби нанг доштан аз пирӣ. Ва Пайғамбар – алайҳи-с-салом – аз натфи мӯйи сапед наҳй кардааст. Ва гуфта: «Ҳува нуру-л-мӯъмин». Ва ҳукми ӯ ҳукми ҳизоб кардан аст ба сиёҳӣ ва иллати кароҳият он аст, ки собиқ шудааст. Ва пирӣ нурест, ки Ҳаққ таъоло бахшидааст ва эзроз аз ӯ эзроз бошад аз нур.
1 Анбиё, 21:60.
2 Каҳф, 18:13.
3 Марям, 19:12.
4 Муфҳам шуд — сокит шуд, забонаш баста шуд, хомӯш шуд ба ҳуҷҷат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор