Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Панҷум натфи [ҳамаи] он бошад ё натфи баъзе аз он ба ҳукми абас ё ҳавас. Ва он макрӯҳ аст ва зиштгардонандаи хилқат. Ва натфи ду канораи занах – ва он ду ҷониби анфақа аст – бидъат аст. Ва пеши Умари Абдулазиз гувоҳӣ дод марде, ки ин ду ҷониб натф кардӣ, гувоҳии ӯ рад кард. Ва Умари Хаттоб ва Ибни Абилайло2 рад кардаанд гувоҳии касе, ки маҳосинро натф кардӣ. Ва аммо натфи он дар аввали [246] баромадан барои ташаббӯҳ ба амрадон, аз мункароти бузург аст, чӣ маҳосин зинати мардон аст. Ва Худойро таъоло фариштагонанд, ки савганди эшон ин аст, ки бад-он Худой, ки банӣ Одамро ба маҳосин биёростааст. Ва он аз тамоми хилқат ва камоли фитрат аст ва мардон аз занон бад-он мутамаййизанд. Ва дар таъвилоти ғариб омадаст, ки мурод аз қавли Ҳаққ таъоло «Язиду фи-л-халқи мо яшоу» маҳосин аст. Ва асҳоби Аҳнаф гуфтаанд, ки матлуб ва маҳбуби мо он аст, ки агар бист ҳазор базл бояд кард, то Аҳнафро маҳосине бошад, базл кунем. Ва Шурайҳи қозӣ гуфтааст, ки хоҳам, ки ба базли даҳ ҳазор маро маҳосине ҳосил шавад. Ва маҳосин чӣ гуна макруҳ бошад, ки дар ӯ таъзими мард аст ва ба чашми ҳилм ва виқор дар ӯ нигаристан ва ҳусули рифъат дар маҷлисҳо ва рӯй овардани мардумон ва тақдим бар ҷамоат ва виқояи ирз¹! Чи касе, ки дашном занад, агар маштумро² маҳосин бошад, бад-он киноят кунад³. Ва гуфтаанд, ки аҳли биҳишт амрад⁴ хоҳанд буд магар Ҳорун, бародари Мусо – салавоту-л-Лоҳ алайҳимо – ки вайро маҳосине хоҳад буд то ноф бар сабили тафзил бар тахсис⁵.

Шашум гирд овардани маҳосин ба буридан ва таъбия⁶ кардан бар сабили тазайюн ва тасаннӯъ, то дар чашми занон хуб намояд ва дар вай рағбат кунанд. Каъб гуфт: «Дар охируззамон ҷамоате бошанд, ки маҳосинро бибуранд ва чун думи кабутар гирд кунанд ва аз наълайн овоз оранд. Эшонро фазилати халқе муктасаб набошад⁷».

Ҳафтум зиёдат кардан дар он бад-он чи зулф аз буногӯш фурӯ гузорад ва дар оризайн афзояд, то аз устухони калла бигузарад, то ба нимаи рухсора бирасад. Ва он мубоини ҳайати аҳли салоҳ аст.

Ҳаштум шона кардан барои чашми мардумон. Бишр гуфт: «Дар маҳосин ду ширк аст: яке шона кардан барои мардумон, дуввум башӯлида гузоштан барои изҳори зуҳд».

Нӯҳум ва даҳум Дар сиёҳӣ ва сапедии он ба чашми аҷиб нигаристан. Ва он накӯҳида аст дар ҳамаи аҷзои он, бал дар ҳамаи афъол ва ахлоқ, чунон ки баёни он бихоҳад омад.

Ва ин анвои тазайюн ва назофат аст, ки хостем, ки онро ёд кунем. Ва аз се ҳадис¹ дувоздаҳ суннат дар тан ҳосил ояд, панҷ аз он дар сар: фарқи мӯй ва мазмаза ва истиншоқ ва мисвок кардан ва буридани мӯйи лаб. Ва се дар дасту пой: чидани нохун ва шустани бандҳои ангуштон ва пок кардани сарҳои он. Ва чаҳор дар андом: натфи зери бозӯ ва истихдод² ва хатна ва истинҷои ба об. Ва дар маҷмӯи ин ахбор ворид шудааст.

Чун ғарази ин китоб баёни таҳорати зоҳир буд, на ботин, пас бар ин иқтисор намоем. Ва ба таҳқиқ бояд донист, ки фазалоти ботин ва авсохи он ки таназзуф аз он воҷиб аст, беш аз он аст, ки дар ҳаср ояд. Ва тафсили он бо таърифи тариқи изолат ва татҳири дил аз он дар «Рубъи муҳликот» бихоҳад омад, Ин шоа-л-Лоҳ азза ва ҷалла.

Дар Шарҳи Забидӣ: (ва кад ҳасала мин) тузаммина (салосата аҳодис) мутафаррикатан марвиятан мин туруки саҳиҳатин минҳо ҳадису Оишата ва Ибни Аббос ва Абуҳурайра.
Истихдод - мӯйи зиҳор сутурдан бо теғ.

1 Виқояи ирз – ҳифзи обрӯ.
2 Маштум – дашномдода шуда.
3 Ба риш киноят кунад (на ба худаш) ва дар натиҷа обрӯ ҳифз мешавад. (масалан мегӯяд: ҳурмати риши сафедатро нигаҳ доштам ва илло...).
4 Амрад – сода запах, сода рӯй.
5 Чӣ ҳазрати Мусо, алайҳи-с-салом, дар дунё маҳосини ӯро гирифт. (Ҳошияи нусхаи Маҷлиси шӯро).
6 Таъбия – оростан.
7 Дар арабӣ: улоика ло халока лаҳум (эшонро баҳрае нест) ва ручӯъ кунед ба сураи «Оли Имрон», 3:77.

пешина
аз 567