Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Никоҳи ӯ радд фармуд ва зарбе балиғ иқомат намуд ва гуфт: «Мардумонро ба ҷавонӣ бифирефтӣ ва пирии худ пӯшида доштӣ?» Ва гуфтаанд, ки аввал касе ки ба сиёҳӣ хизоб кард, Фиръавн буд — лаъанаҳу-л-Лоҳ. Ва Ибни Аббос — разия-л-Лоҳу анҳумо — аз Пайғомбар — алайҳи-с-салоту ва-с-салом — ривоят кардааст: «Якуну фи охири-з-замони қавмун, юхаззабуна би-с-саводи қаҳавосили-л-ҳамоми ло юриҳуна роиҳата-л-ҷаннати». Ай, дар охируззамон гурӯҳе бошанд, ки ба сиёҳӣ хизоб кунанд, чун ҳавосили кабӯтарон, эшон бӯи биҳишт наянбӯянд2.

Дуввум ранг кардан аст ба сурхӣ ва зардӣ. Ва он равост барои пӯшида доштани пирӣ бар кофирон дар ғазву ҷиҳод. Ва агар бар ин ният набошад ва барои ташаббӯҳ бувад ба аҳли дин3, мазмум бошад. Пайғомбар — алайҳи-с-салоту ва-с-салом — гуфт: «ас-Суфрату хизобу-л-муслимина ва-л-ҳумрату хизобу-л-мӯъминина». Ва барои сурхӣ ба ҳино ва катам ранг кардандӣ ва барои зардӣ ба халуқ4 ва заъфарон.

Мутарҷим мегӯяд: катам — ба фатҳи қоф ва то — дарахтест кӯҳӣ, барги ӯ чун барги муруд ва ӯро бо ҳино биёмезанд. Ва халуқ хушбӯест моеъ ва дар ӯ суфрате аст.

Ва баъзе уламо барои ғазв ба сиёҳӣ ранг кардаанд. Ва чун ният саҳеҳ бошад бе мутобаати ҳаво ва шаҳват, боке набувад.

Севвум сапед кардани он ба гӯгирд бар сабили истеъҷол то улувви син зоҳир гардонад ва ба воситаи он тавқир ва шаҳодат ҳосил ояд ва ба ривоят аз машоихи мусаддақ бошад ва бар ҷавонон тараффӯъ намояд ва касрати илм зоҳир кунад аз он рӯй, ки пиндоранд, ки аз бисёрии айём фазл ҳосил шавад.

1 Ҳавосил — (ҷамъи ҳавсала): ҳавсала, чинадон, жогар ва дар ин ҷо ба қаринаи чанд с тр баъд ҳамонандӣ ба думи кабӯтар аст.
2 Анбӯиндан — бӯйидан, истишмоми бӯи хуш.
3 Мардуми дипдор.
4 Халук — ба гуфтан мутарҷим «хушбӯест моеъ». Устоди Тус низ дар Шохнома аз он чунин ёд кардааст:
Бифармуд то дардамиданд бук,
Биёвард пас ҷомҳои халук.

пешина
аз 567
навбатӣ