Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

салоти баъда-с-салоти фазоликум ар-риботу». Ай, огоҳ накунам шуморо аз чизе, ки Ҳаққ таъоло бад-он гуноҳонро мукаффир гардонад ва дараҷотро рифъат диҳад? Он тамом кардани обдаст аст, дар ҳоле ки гарон намояд ва душвор ояд; ва сӯи масҷид рафтан ва пас аз гузоридани намоз намозӣ дигарро интизор намудан ва он муробатат1 аст.

Ва Пайғомбар якун-якон бор обдаст кард. Ва гуфт: [232] «Ҳозо вузуун ло яқбалу-л-Лоҳу-с-салота илло биҳи». Ай, ин обдастест, ки Ҳаққ таъоло намозро ҷуз бад-он қабул накунад. Ва дугон-дугон бор кард. Ва гуфт: «Ман таваззаа марратайни-марратаини, атоху-л-Лоҳу аҷраху марратайни». Ай, ҳар кӣ дугон-дугон бор обдаст кунад, Ҳаққ таъоло савоби вай ду бор диҳад. Ва сегон-сегон бор кард. Ва гуфт: «Ҳозо вузуӣ ва вузуу-л-анбиёи қаблӣ ва вузуу Халилу-л-Лоҳи Иброҳима». Ай, ин обдасти ман ва обдасти анбиёи мутақаддим аст ва обдасти халили Худой Иброҳим. Ва низ гуфт: «Ман закара-л-Лоҳа инда вузуиҳи таҳҳара-л-Лоҳу ҷасадаҳу куллаҳу ва ман лам язқури-л-Лоҳа лам ютаҳҳир минҳу илло мо асоба-л-моу». Ай, ҳар кӣ Худойро дар обдаст ёд кунад, ҳамаи андоми вайро Худой аз ҳамаи гуноҳон пок гардонад ва ҳар кӣ Худойро ёд накунад, пок нашавад аз андоми ӯ магар он чи об ба вай расидааст. Ва гуфт: «Ман таваззаа ало туҳрин катаба-л-Лоҳу биҳи ашара ҳасанотин». Ай, ҳар кӣ обдасти тоза кунад, бад-он чи2 обдаст дорад, Ҳаққ таъоло бад-он даҳ ҳасана дар чаридаи аъмоли вай сабт фармояд. Ва гуфт: «ал-Вузуу ала-л-вузуи нурун ало нурин». Ва ин дар тарғиб ва таҳриз аст бар таҷдиди вузу. Ва дар ҳадисе омадааст, ки чун бандаи мусулмон вузу созад ва мазмаза кунад, даҳони вай аз гуноҳ пок шавад; ва чун истиншоқ кунад, бинии вай аз гуноҳ пок гардад; ва чун рӯй бишӯяд, гуноҳон аз рӯи вай зоил шавад, то ба ҳадде, ки

1 Муробатат — мувозабат, мулозамат.
2 Бад-он чӣ — бо он ки.

пешина
аз 567
навбатӣ