Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

зия-л-Лоҳу анҳум – қароҳияти обдаст аз ованди рӯйин манқул аст. Ва яке аз эшон гуфтааст, ки барои Шӯъба обе дар ованди рӯйин овардам, аз он вузу насохт ва аз Ибни Умар қароҳияти он ривоят кард.

Ва чун аз вузу фориг ояд ва рӯй ба намоз орад, бояд ки дар хотири ӯ гардад, ки зоҳирро, ки маҳалли назари халқ аст, пок кард. Пас, бояд ки шарм дорад, ки бе покии дил, ки мавқеи назари Ҳаққ таъоло аст, бо вай муноҷот кунад. Ва бояд, ки ба яқин бидонад, ки покии дил ба тавба баста бошад ва холӣ шудани дил аз хӯйҳои накӯҳида. Ва он ки бар покии зоҳир иқтисор намояд, ҳамчун касе бошад, ки подшоҳеро ба хонаи худ хонад ва онро мулаввас ва машҳуни кирифтиҳо бигузорад ва ба гач кардани зоҳири дари беруни сарой ва оростани он машғул шавад. Ва инчунин касе сазовори ҳалокат бувад.

ФАЗИЛАТИ ВУЗУ

Пайғомбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – гуфт: «Ман таваззаа фаасбаға-л-вузуа ва салло рақъатайни лам юҳаддис фиҳимо нафсаҳу бишайин мин умури-д-дунё хараҷа мин зунубиҳӣ каявмин валадатҳу уммуҳу». Ай, ҳар кӣ вузу созад ва шарти исбоғи он ба ҷой орад ва ду рақъат намоз гузорад, ки дар он [ба] ҳеҷ чиз аз дунё наандешад, аз гуноҳон ҳамчунон пок шавад, ки рӯзи вилодат буда бошад. Ва дар ривояте дигар: «Ва лам ясҳу фиҳимо ғуфира лаҳу мо такаддама мин занбиҳӣ»3. Ай, дар он саҳв накунад, он чи аз гуноҳи вай собиқ шуда бошад, омурзида шавад. Ва низ гуфт: «Ало унаббиъкум бимо юкаффиру-л-Лоҳу биҳи-л-хатоё ва ярфаъу биҳи-д-дараҷоти? Исбоғу-л-вузуи фи-л-макориҳи ва нақлу-л-ақдоми ила-л-масоҷиди ва интизору-с-

1 Кирифтӣ - палидӣ.
2 Исбоғ – таммом кардан, комил кардан.
3 Дар ривояти дигар, лам ясҳу...ба ҷои лам юҳаддис...иборати пешин омадааст.

пешина
аз 567
навбатӣ